Ҷашни Сада дар Деваштич таҷлил гардид
ДЕВАШТИЧ, 30.01.2017. /АМИТ «Ховар»/. Дар ноҳияи Деваштич мардуми меҳнатқарин дар асоси дастуру нишондодҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати ба роҳ мондани корҳои ободониву бунёдкорӣ талош варзида, дар соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқ меҳнати пурмаҳсул намуданд.
Кишвари сарсабзу соҳибтамаддуни тоҷик, ки таърихи куҳан дорад, дар баргузории расму оинҳо, суннатҳову маросимҳо ва анъанаҳои мардумӣ, аз қабили ҷашнҳои Сада, Наврӯз ва Меҳргон мавқеи асосиро ишғол менамояд.
Иди Сада яке аз ҷашнҳои ориёӣ маҳсуб ёфта, рамзи бедоршавии табиат, оғози кишту кор ва мафҳуми аз сардӣ ба гармӣ расиданро дорост.
Бахшида ба ин ҷашни таърихии ниёгон дар маркази ноҳия чорабинии фарҳангӣ бо сурудани савту садоҳои миллӣ, намоиши ҳунарҳои мардумӣ, маҳсулоти адрасу атлас ва либосҳои миллии анъанавӣ, машқҳои варзишии халқӣ, намоиши гулу ниҳолҳо ва ярмаркаи фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ бо иштироки Раиси ноҳия Рустам Ҷӯразода баргузор шуд.
Собиқадорони меҳнат, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, фаъолону сокинони ноҳия ва кулли ширкаткунандагон аз баргузории ин ид изҳори хурсандӣ намуданд. Зикр шуд, ки мардум минбаъд низ дар атрофи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муттаҳид гардида, бо корҳои ободонию созандагӣ сиёсати хирадмандонаи Роҳбари мамлакатро ҳамаҷонида дастгирӣ ва тақвият мебахшанд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард






