Ашурбой Солеҳзода: «Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон дар рейтинги муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ мақоми 4-умро сазовор гардидааст»
ДУШАНБЕ, 20.01.2017. /АМИТ «Ховар»/. Яке аз дастовардҳои назарраси Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон дар соли 2016 дар рейтинги муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ сазовор гардидани ба мақоми 4-ум дар байни 33 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ мебошад. Ин дастовардро ректори Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон Ашурбой Солеҳзода имрӯз зимни нишасти матбуотии донишкада ба хабарнигорон таъкиди хосса намуд.
Ашурбой Солеҳзода зикр намуд, ки ин рейтинг аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шуда, Донишкада аз рӯи талабот ва меъёрҳои байналмилалӣ оид ба рейтинг ва гирифтани сертификати ташкилоти рейтингии байналмилалии муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ин зинаро ишғол намудааст.
Ректори Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон чандин озмунҳои ҷумҳуриявӣ, ки дар онҳо донишкада ва донишҷӯён мақомҳои намоёнро ишғол намудаанд, аз ҷумла сазовори ҷои 2-юм гардидани донишҷӯи курси 3-юми донишкада Дилнора Амонова дар озмуни ҷумҳуриявии «Донишҷӯи сол 2016»-ро ном бурд.








Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Душанбе ҷашни Меҳргон таҷлил мегардад
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии меваи анор оғоз гардидааст
Дар Академияи идоракунии давлатӣ даври шаҳрии озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир шуд
Тоҷикистон ва Кувайт ҳамкориро дар арсаҳои фанновариҳои иттилоотӣ ва фарҳанг баррасӣ намуданд
Маҷлиси намояндагон ду созишномаи ҳамкории Тоҷикистонро бо Фонди авруосиёии субот ва рушд тасдиқ намуд






