Аз китобхонаи «Ганҷбахш»-и Покистон ба Китобхонаи миллии Тоҷикистон 134 номгў китобу маҷалла тақдим гардид

Январь 28, 2017 12:02

Китобхонаи миллиДУШАНБЕ, 28.01.2017. /АМИТ «Ховар»/. Китобхонаи миллии Тоҷикистон дар доираи ҳамкориҳои фарҳангию байникитобхонавӣ ва тавассути мубодилаи байналмилалии китоб бо китобхонаҳои мухталифи мамлакатҳои хориҷӣ ҳамкорӣ намуда, бо китобхонаҳои 27 давлати ҷаҳон додугирифти китоб дорад. Байни Китобхонаи миллии Тоҷикистон ва 9 китобхонаҳои хориҷӣ Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ амал мекунад.

Ахиран дар моҳи январи соли ҷорӣ бо  ташаббуси Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Покистон ва шахсан сафир Шералӣ Ҷононов ба Китобхонаи миллии Тоҷикистон яксаду сиву чаҳор (134) номгў китобу маҷалла тақдим гардид. Эҳдои мазкур   аз китобхонаи «Ганҷбахш»-и   Покистон сурат гирифтааст. Дар байни китобои ҳадяшуда  аз ҷумла    китоби арзишманди «Феҳристи муштараки нусхаҳои хаттии форсии Покистон»  дар ҳашт (8) ҷилд, якчанд шумораи маҷаллаи адабии   «Дониш», тазкираи «Махзан-ул- ғароиб» мавҷуд аст, ки барои пажўҳишгарони тоҷик ва толибилмон туҳфаи маънавии бебаҳост.

Ин бори аввал нест, ки тавассути Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Покистон ба Китобхонаи миллии Тоҷикистон чунин ҳадяҳои арзишманд мерасанд. Соли гузашта низ нусхаҳои мутааддиди китобҳои дастхати нодири дар китобхонаҳои машҳури Покистон вуҷуддошта дар шакли электронӣ ба шуъбаи дастхатҳои Шарқ ва китобҳои нодири Китобхонаи миллӣ  туҳфа шуда буд, ки фонди электронии нусхаҳои қаламиро ғанӣ гардонида буд.

Роҳбарияти Китобхонаи миллӣ ва кормандон аз ин ибтикори Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Покистон ва сафири муҳтарами он сипосгузор буда, ба фаъолияти касбии дастандаркорони Сафорат комёбиҳо ва бурдбориҳо таманно менамоянд.

Январь 28, 2017 12:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад