«Аз занони босавод- хонадону ҷомеа обод»- суҳбат бо духтарони шаҳри Кӯлоб
КӮЛОБ, 17.01.2017. /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз дар маркази ҷавонони шаҳри Кӯлоб бо мақсади баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа таҳти унвони «Аз занони босавод- хонадону ҷомеа обод» суҳбат доир гардид.
Муҳаммадҷон Ҳаитов, директори Маркази ҷавонони шаҳри Кӯлоб иброз дошт, ки мақоми зани тоҷик дар давраи соҳибистиқлолӣ бо дастгирии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон боз ҳам баланд гардид. Занон баробари мардон дар вазифаҳои роҳбарикунанда пешбарӣ шуда, дар ин самт ба муваффақиятҳо ноил гардиданд.
«Таҷлили Рӯзи Модар дар ҷумҳурӣ, эълони Соли оила, касбомӯзии занони хонанишин, эҳёи ҳунарҳои миллӣ, дастгирии занони соҳибкор, ҷудо намудани квотаҳои президентӣ ба духтарони навоҳии дурдасти кӯҳистон ва қабули барномаҳои давлатии баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа аз таваҷҷуҳи махсуси Президенти кишвар нисбат ба мақому манзалати зан-модар дарак медиҳад»,- гуфт Муҳаммадҷон Ҳаитов.
Таъкид шуд, ки имрӯз ҷавондухтарони даврони соҳибистиқлолӣ бояд аз фурсати муносиб самаранок истифода бурда, баҳри ёфтани мақоми худ дар ҷомеа талош варзанд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад
Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Душанбе ҷашни Меҳргон таҷлил мегардад
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии меваи анор оғоз гардидааст
Дар Академияи идоракунии давлатӣ даври шаҳрии озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир шуд
Тоҷикистон ва Кувайт ҳамкориро дар арсаҳои фанновариҳои иттилоотӣ ва фарҳанг баррасӣ намуданд






