Ба хабарнигорони тоҷик баъзе нуктаҳои пленуми 6-уми КМ Ҳизби коммунистии Хитой даъвати 18 маънидод карда шуд

Январь 18, 2017 16:59

ДУШАНБЕ, 18.01.2017 /АМИТ «Ховар»/. Муносибатҳои Тоҷикистону Хитой дар сатҳи олӣ қарор дошта, роҳбарони ҳарду давлат барои муносибатҳои кунуниву оянда таҳкурсии қавӣ гузоштаанд. Ин нукта имрӯз, 18 январ зимни нишасти матбуотӣ дар Кохи афсарони пойтахт бо иштироки намояндагони Ҳизби коммунистии Хитой таҳти роҳбарии муовини котиби генералии Кумитаи доимии умумихитоии намояндагони мардумӣ Шэн Чуняо зикр гардид. Тавре ки хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, мудири шуъбаи байналмилалии Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон Абдулрафиқ Ҳомидов зикр намуд, ки Ҷумҳурии халқии Хитой бо Тоҷикистон на танҳо ҳамсоя, балки дӯстони наздик ва қавӣ буда, дар соҳаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва илму фарҳанг ҳамкории зич доранд.
«Дар мулоқот мо масъалаҳои мубрамро дар самти ҳамкории судманд байни ду ҳизб баррасӣ намудем. Дар доираи сафари мазкур, мо нақшаҳои рушди ин давлати бузургро дар оянда муфассал омӯхта, он усулҳоро барои пешрафту рушди кишварамон роҳандозӣ хоҳем кард»,-илова намуд А.Ҳомидов.
Шэн Чуняо баён дошт, ки ҳамкорӣ байни ду ҳизб барои рушди ҳамкории ду давлат дар оянда низ мусоидат мекунад.
Меҳмонони хитоӣ ба хабарнигорон дар мавриди пленуми 6-уми КМ ҲКХ даъвати 18 нақл карда, ба ҷамъомадагон баъзе нуктаҳои дар ин ҷаласа баррасишударо маънидод карданд. Яке аз нуктаҳо- ин муттаҳид гаштан дар атрофи роҳбари ҳизб Си Зинпин буд.
«Мо инчунин бо дигар ҳизбҳои давлатҳои бо мо дӯст ҳамкориро ба роҳ мондем. Ғайр аз ҳизбҳо мо инчунин бо намояндагони иттиҳодия ва мухолифин ҳамкорӣ мекунем»,-илова намуд Шэн Чуняо.
Намояндагони ҳизби хитоӣ баён доштанд, ки аз ташрифи аввалини худ ба Тоҷикистон таассуроти зиёд бардоштанд.
Хотиррасон мекунем, ки ҳайат дар доираи сафари худ бо донишҷӯёну омӯзгорони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мулоқот анҷом доданд. Инчунин онҳо бо намояндагони ҲХДТ дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон вохӯрда, аз Осорхонаи миллии пойтахт дидан намуданд.
Субҳи имрӯз ин ҳайати бонуфуз бо кормандони Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон суҳбат оростанд.
Дар назар аст, ки ҳайат имрӯз аз «Кохи Наврӯз»-и пойтахт дидан мекунанд.

Январь 18, 2017 16:59

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷумҳурии Тоҷикистон Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид дар бораи ҳуқуқҳои маъюбонро тасдиқ кард
Забони тоҷикӣ дар фазои рақамӣ: аз пайкараи матнӣ то истилоҳоти ягона
Дар Душанбе симпозиум доир ба соҳаи онкология оғоз гардид
Барои маблағгузории нафақа беш аз 4 миллиард сомонӣ равона гардидааст
Форуми байналмилалии ҷавонони СҲШ оид ба ҳамкорӣ барои ояндаи устувор доир шуд
ИМРӮЗ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ КОҲИШИ ХАТАРИ ОФАТҲОИ ТАБИӢ. Дар Тоҷикистон барои пешгирии хатари офатҳо беш аз 60 миллион сомонӣ ҷудо гардидааст
Конференсияи илмӣ оид ба саҳми экспедитсияи бостоншиносӣ дар омӯзиши Панҷакенти қадим баргузор мегардад
Дар шаҳри Ҳисор мумфаршкунии беш аз 3,5 километр роҳи автомобилгард оғоз гардид
Рӯзи дарҳои кушоди Академияи хурди илмҳои Тоҷикистон баргузор шуд
ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Камҳаракатӣ барои пайдоиши бемориҳои гуногун замина фароҳам меорад
Дар шаҳри Конибодом нуқтаҳои истироҳатӣ ва осоишгоҳи солимгардонӣ бунёд карда мешаванд
Шахсони дорои масунияти заиф бештар ба зуком гирифтор мешаванд