Бадахшон: Нархи як иҷозатнома барои шикори бузи пармашох беш аз 200 ҳазор сомонӣ муқаррар шудааст

Январь 5, 2017 11:28

ХОРУҒ, 05.01. 2017 /АМИТ «Ховар»/. Боришоти пай дар паи рӯзҳои охир ҳайвоноти ваҳширо маҷбур сохт, ки макони зисти доимии худро тарк намуда, барои пайдо кардани ғизо ба шаҳри Хоруғ ворид шаванд. Ба иттилои сардори Раёсати ҳифзи муҳити зисти ВМКБ Мулкамон Назаралиев, дар аксари мавзеъҳои асосӣ ба миқдори зарурӣ ғизо захира шуда, назар ба солҳои пеш маърифати экологии сокинони шаҳру деҳот низ боло рафтааст.
«Дар солҳои навадум аз тарси силоҳдорон гӯсфандони Марко Поло ба маконҳои касногузар паноҳ мебурданд ва марзро убур карда, ба кишварҳои ҳамсоя мерафтанд. Ҳоло ба маҳаллаҳои аҳолинишин фаромадани ҳайвоноти нодир як ҳодисаи хушҳолкунанда аст, зеро чунин муносибати хайрхоҳонаи мардум нисбат ба ҷонварони ваҳшӣ имкон медиҳад шумораи онҳо сол аз сол афзоиш ёбад»,- иброз дошт Мулкамон Назаралиев.
Тибқи санҷише, ки кормандони Кумитаи ҳифзи муҳити зисти ҷумҳурӣ дар ҳамкорӣ бо олимони Академияи илмҳои ҷумҳурӣ анҷом доданд, ҳоло саршумори гӯсфандони Марко Поло то 25 ҳазор ва бузи кӯҳии пармашох ба якуним ҳазор сар расида, арзиши як иҷозатнома барои шикори гӯсфанди Марко Поло 45 хазор сомонӣ ва барои шикори бузи пармашох беш аз 200 ҳазор сомонӣ муқаррар шудааст.

Январь 5, 2017 11:28

Хабарҳои дигари ин бахш

«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад