Бар асари фаромадани тарма дар роҳи мошингарди Ишкошим-Хоруғ як сокини маҳаллӣ ба ҳалокат расид
ДУШАНБЕ, 29.01.2017. / АМИТ «Ховар» /. 28 январи соли 2017 бар асари фаромадани тарма дар роҳи мошингарди Ишкошим – Хоруғ як сокини маҳаллӣ ба ҳалокат расид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Дар робита ба ин, Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз аҳолии кишвар даъват мекунад, ки аз сафарҳои дурудароз ва рафтан ба мавзеъҳои тармафаро худдорӣ намоянд ва ҳушёру эҳтиёткор бошанд.
Қаблан Кумита иттилоъ дода буд, ки бо назардошти гармшавии ҳаво ва боришоти зиёд тайи чанд рӯзи охир эҳтимолияти фаромадани тарма дар ноҳияҳои ВМКБ, дар доманакӯҳҳои Ҳисор, инчунин дар шоҳроҳҳои Душанбе-Хоруғ, Душанбе-Хуҷанд, Душанбе-Ҷиргатол, Хоруғ-Мурғоб ва Хоруғ-Ишкошим боқӣ мемонад.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Душанбе ҷашни Меҳргон таҷлил мегардад
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии меваи анор оғоз гардидааст
Дар Академияи идоракунии давлатӣ даври шаҳрии озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир шуд
Тоҷикистон ва Кувайт ҳамкориро дар арсаҳои фанновариҳои иттилоотӣ ва фарҳанг баррасӣ намуданд
Маҷлиси намояндагон ду созишномаи ҳамкории Тоҷикистонро бо Фонди авруосиёии субот ва рушд тасдиқ намуд
Дар Душанбе доир ба Шабакаи иқлимии TajCN ҳамоиш баргузор гардид






