Барои иҷрои бандҳои Паёми Пешвои миллат ташаббускор бояд буд
ХОРУҒ, 03.01.2017. /АМИТ Ховар/. Бо ибтикори раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ВМБК дар Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев дар ҳошияи Паёми Пешвои миллат ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ бо соҳибкорони ватанӣ мулоқот баргузор гардид. Иштирокдорони мулоқот доир ба бандҳои мушаххаси Паём, ки ба рушди риштаҳои соҳибкорию сайёҳӣ бахшида шудаанд, ибрози андеша намуданд. Яке аз соҳибкорони муваффақи вилоят Набот Додихудоева гуфт, ки сол аз сол барои пешрафти бахши хусусӣ дар кишвар шароити беҳтар фароҳам оварда мешавад. «Ҳукумати ҷумҳурӣ талош меварзад, то ҳарчи бештар соҳибкорони ватанӣ корхонаҳои хурду бузурги истеҳсолӣ бунёд намуда, ҳам бозори дохилиро аз маҳсулоти худӣ таъмин намоянд ва ҳам ҷойҳои кориро барои сокинони кишвар муҳайё созанд. Имрӯз дар бозори шаҳри Хоруғ баъзе аз маводи ғизоӣ, бо шумули гӯшту тухми мурғ, шир ва амсоли инҳоро аз пойтахти кишвар ва ё аз давлатҳои ҳамсоя интиқол медиҳанд, дар ҳоле ки тавлиди ин гуна маҳсулот кори заҳматталаб нест. Фақат каме ҷуръат ва ташаббус зарур аст. Солҳои қаблӣ бисёре аз соҳибкорону тоҷирон аз санҷишҳои пайвастаи ниҳодҳои назоратӣ хаста шуда, аз шуғлашон даст мекашиданд. Аммо бо дастури Президенти кишвар ин монеаҳо сол аз сол камтар ба назар мерасанд»,-иброз дошт Н. Додихудоева.
Дар Паёми навбатӣ Пешвои миллат ба мақсади пешрафти устувор ва бонизоми ин соҳа бори дигар ба вазорату кумитаҳои марбута супориш дод, ки масъалаи мазкурро ҳаматарафа таҳлил карда, лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқии дахлдорро оид ба кам кардани санҷишҳо ва боз ҳам шаффофу содда гардонидани онҳо ба Ҳукумат пешниҳод намоянд.
Иштирокдорони мулоқот ҳамчунин оид ба роҳҳои боз ҳам баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонӣ, ба вуҷуд овардани инфрасохтори муосир ва аз ҳар ҷиҳат ҷолиб мубодилаи афкор намуданд.








Дар Ҳисор оид ба кишти саривақтии ғалладонагиҳо машварат доир гардид
Дар ноҳияи Ёвон оид ба таъмини амнияту субот ҳамоиш баргузор шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Доир ба пешниҳоди каналҳои коммуникатсионии лоиҳаи «Намоиши коркарди ғайритермалии партовҳои ДДТ дар Осиёи Марказӣ» машварат баргузор гардид
ТААССУРОТИ ХОТИРМОНИ МИНИ-ФУТБОЛ. Дар Душанбе даври ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзал баргузор гардид
ОҒОЗИ МАВСИМИ НИҲОЛШИНОНӢ. Дар вилояти Хатлон 600 ҳазор бех дарахти ороишию сояафкан шинонида мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Бахшида ба 31-солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Москва ҳамоиш доир гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
«Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021–2025» натиҷагирӣ карда шуд
Дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бахшида ба солгарди таъсиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ баргузор гардид
Дар Хадамоти алоқа ба муносибати Рӯзи ҳуқуқи инсон ҳамоиш доир шуд






