Барои кӯдакони ношунаво ва дершунав китоби дарсии «Забони имову ишора» бо забони тоҷикӣ дастрас гардид
ДУШАНБЕ, 21.01.2017/АМИТ «Ховар»/. Бори аввал барои кӯдакони ношунаво ва дершунав қисми аввали китоби дарсии «Забони имову ишора» бо забони тоҷикӣ омода ва ба мактаб-интернатҳои махсус дастрас карда шуд. Дар ин бора аз Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Ба иттилои манбаъ, дар назар аст то анҷоми соли хониш қисми дуюми китоби мазкур барои чоп омода гардад. Ҳоло барои хонандагони мактабҳои кӯдакони ношунаво ва гунг китобҳои дарсии «Алифбо барои мактабҳои кӯдакони шунавоияшон суст», «Алифбо барои синфҳои тайёрии мактабҳои кӯдакони ношунаво», «Китоби хониш барои синфи 1- уми мактабҳои кӯдакони ношунаво», «Талаффуз», «Инкишофи нутқ барои кӯдакони ношунаво» ва барномаи таълими забони тоҷикӣ дар мактаб -интернатҳои махсус аз нашр баромад.
Ҳамчунин бо ҳуруфоти брайлӣ китобҳои дарсии «Забони модарӣ» барои синфи 1 ва 2, «Математика», «Русская речь» ва «Буквар» аз нашр баромада, дастраси хонандагон гардид.
Ҳоло дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ҷумҳурӣ 5 ҳазору 633 нафар кӯдакони имконияташон маҳдуд ба таҳсил фаро гирифта шудаанд.








Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад






