Баррасии қатъномаи Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» дар Минск

Январь 17, 2017 16:53

ДУШАНБЕ, 17.01.2017 /АМИТ «Ховар»/. 12 январи соли 2017 дар шаҳри Мински Ҷумҳурии Беларус ҷаласаи якуми Шӯрои намояндагони доимӣ ва мухтори давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардид.
Тавре аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, зимни маҷлис бо пешниҳоди Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Беларус Қозидавлат Қоимдодов ба рӯзномаи нишаст мавзӯи Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», 2018-2028, ки бо қатъномаи Маҷмаи Умумии СММ (A/RES/71/222) аз 21 декабри соли 2016 қабул гардидааст, ворид карда шуд. Қозидавлат Қоимдодов ҳозиринро бо мақсаду вазифаҳои даҳсолаи нави байналмилалӣ ва нақши он дар татбиқи Ҳадафҳои Рушди Устувор шинос намуд.
Қобили тазаккур аст, ки ташаббуси эълони Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», 2018-2028 бори аввал аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣПешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷараёни Форуми 7-уми умумиҷаҳонии об дар шаҳри Тегуи Ҷумҳурии Корея пешниҳод шуда буд.

Январь 17, 2017 16:53

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар шаҳри Душанбе ҷашни Меҳргон таҷлил мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии меваи анор оғоз гардидааст
Дар Академияи идоракунии давлатӣ даври шаҳрии озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш дар назар аст
Тоҷикистон ва Кувайт ҳамкориро дар арсаҳои фанновариҳои иттилоотӣ ва фарҳанг баррасӣ намуданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Маҷлиси намояндагон ду созишномаи ҳамкории Тоҷикистонро бо Фонди авруосиёии субот ва рушд тасдиқ намуд