«Базми баҳор» -и чинӣ дар Ҳисор
ДУШАНБЕ, 17.01.2017. /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз дар Кохи фарҳанги шаҳри Ҳисор Оркестри миллии созҳои халқии музофоти Гуандуни Ҷумҳурии мардумии Чин ва ҳунарпешагони маҳаллӣ барномаи муштараки консертӣ таҳти унвони «Базми баҳор»-ро манзури сокинон ва меҳмонони шаҳри Ҳисор гардониданд.
Тавре аз Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, 40 нафар мутрибони Оркестри миллии созҳои халқии музофоти Гуандуни Ҷумҳурии мардумии Чин барои намоиши иди соли нави чинӣ, ки ҳар сол мардуми Чин онро 28 январ ҷашн мегиранд, ташриф оварданд. «Базми баҳор» ҷашни соли нав аст, ки бо омадани баҳор ва интиҳои фасли зимистон таҷлил мегардад.
«Дар фарҷоми барномаи консертӣ дар шаҳри Ҳисор, ки аз ҷониби тамошобинон хеле хуш истиқбол гардид, меҳмонони чинӣ аз Қалъаи Ҳисор дидан намуданд. Тамошои Қалъаи Ҳисор, ки яке аз мавзеъҳои машҳури таърихии Тоҷикистон аст, барои меҳмонон хеле шавқовар ва хотирмон буд»,-иттилоъ доданд аз Вазорати фарҳанг.
Бояд гуфт, ки дар Оркестри миллии созҳои халқии музофоти Гуандуни Ҷумҳурии мардумии Чин аксаран асбобҳои қадимии мусиқии чинӣ ва асбобҳои замонавӣ навохта мешаванд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад
Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Душанбе ҷашни Меҳргон таҷлил мегардад
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии меваи анор оғоз гардидааст
Дар Академияи идоракунии давлатӣ даври шаҳрии озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир шуд
Тоҷикистон ва Кувайт ҳамкориро дар арсаҳои фанновариҳои иттилоотӣ ва фарҳанг баррасӣ намуданд






