Беш аз 4 ҳазор нафар шаҳодатнома дар бораи таввалудро пас аз 16 -солагӣ гирифтаанд
ДУШАНБЕ, 25.01.2017 /АМИТ «Ховар»/. Беш аз 4 ҳазор нафар шаҳрвандони ҷумҳурӣ шаҳодатнома дар бораи таввалудро пас аз 16- солагӣ гирифтаанд. Дар ин бора имрӯз, 25 январ зимни нишасти матбуотӣ Вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Шоҳмурод хабар дод.
Дар соли 2016-ум 233 ҳазору 253 ҳолати сабти таваллуд ва 59 ҳазору 249 ҳолати сабти таваллуди муҳлаташ гузашта ба қайд гирифта шуд.
Ба ҳар як кӯдаки таваллудшуда бояд дар муҳлати то се моҳ шаҳодатнома дода шавад. Барои ин падару модар бояд ҳуҷҷатҳои заруриро, аз қабили шаҳодатномаи ҳарду волидайн, маълумоти тиббӣ, хатти ақди никоҳ ва ариза пешниҳод намоянд. Шаҳодатнома дар бораи таваллудро то семоҳагии навзод бояд гирифт. Ҳангоми аз муҳлат гузаштани сабти таваллуд аз падару модар ҷарима ситонида мешавад,-афзуд Рустам Шоҳмурод.
Бино ба маълумоти вазорат, соли гузашта шаҳодатнома 8 сомонӣ буда, дар соли 2017 он 10 сомонӣ нархгузорӣ шудааст.
Барои пешгирии ҳолатҳои гузаштани муҳлати сабти таваллуд Вазорати адлия дар ҳамкорӣ бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар барномаеро амалӣ намуда истодаанд, ки тибқи он ба Вазорати адлия маълумот дар бораи теъдоди таваллуди кӯдакон дода мешавад,- илова намуд Вазири адлия.








Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад






