Беш аз 6 ҳазор нафар занони хонашини Хатлон бо кор таъмин гаштанд

Январь 26, 2017 13:36

Кори занхоДУШАНБЕ, 26.01.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дар соли 2016 ба мақомоти Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон беш аз 15 ҳазор зан муроҷиат намуда, 11 476 нафари онҳо ҳамчун бекор ба қайд гирифта шуда, ба 7623 нафари онҳо мақоми бекорӣ дода шуд.
Тавре ки аз хадамоти матбуоти вилояти Хатлон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, аз шумораи муроҷиаткунандагон 6460 нафарашон бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардида, 1045 нафарашон ба корҳои ҷамъиятии музднок ҷалб карда шуданд. 444 нафари дигар аз ҳисоби маблағҳои бефоизи мақомоти шуғли аҳолӣ ба соҳибкории хурд машғул гардиданд.
Бо мақсади эҳёи ҳунарҳои қадимаи мардумӣ дар вилояти Хатлон занону бонувон инчунин ба шуғли хонагӣ фаро гирифта мешаванд.
Баҳри баланд бардоштани сатҳи касбомӯзии калонсолону ҷавонон, аз ҷумла занону духтарони хонашин ва мутобиқ гардонидани сатҳи касбии онҳо ба талаботи бозори меҳнат имрӯз дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон 9 филиали Муассисаи давлатии «Маркази таълимии калонсолони Тоҷикистон», Корхонаҳои воҳиди давлатии «Маркази омӯзиши модулӣ» дар шаҳри Кӯлоб ва «Маркази касбомӯзии соҳибкорӣ» дар шаҳри Норак фаъолият менамоянд.
Дар соли сипаригардида мувофиқи нақшаи тасдиқгардидаи касбомӯзӣ дар доираи «Барномаи давлатии мусоидат ба шуғли аҳолӣ барои солҳои 2016-2017» дар шаҳру ноҳияҳои вилоят ба ҷои 5805 нафар 6608 нафар хоҳишмандон барои гирифтани ихтисосҳои гуногун дар курсҳои махсуси кӯтоҳмуддат омӯзонида шуданд. Ин 113,8 фоизи нақшаи солонаи барномавиро ташкил медиҳад.
Ҳамчунин бо мақсади рушди ҳунарҳои қолинбофии дастӣ ва адрасу атласбофӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон айни ҳол 109 адад дастгоҳҳои хурди омӯзишии қолинбофӣ, 45 адад дастгоҳҳои калони қолинбофӣ ва зиёда аз 50 адад дастгоҳҳои адрасбофӣ насб карда шудаанд, ки занону духтарони бе шуғл онҷо фаъолият мекунанд.

Январь 26, 2017 13:36

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад