«Боғбони боғи Кӯлоб», «Вақте менависам, инсони беҳтарам» — шарҳи матбуот

Январь 26, 2017 15:31

ДУШАНБЕ, 26.01.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дар саҳифаи 1 нашрияи расмии «Ҷумҳурият» (23.01.2017,№17) фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъйиноти кадрӣ ба нашр расида, аз маъракаи ниҳолшинонӣ дар вилояти Хатлон гузориши муфассали хабарнигори нашрия пешкаши хонандагон шудааст. Ҳамчунин  «Ҷумҳурият» доир ба мулоқотҳои раиси Маҷлиси намояндагон Шукурҷон Зуҳуров бо Подшоҳи Шоҳигарии Арабистони Саъудӣ Салмон ибни Абдулазиз, вазири корҳои дохилии мамлакат Рамазон Раҳимзода бо Сафири Фаронса дар Тоҷикистон Ясмин Гуедар, вазири корҳои хориҷии кишвар Сироҷиддин Аслов бо Сафири Индонезия дар Тоҷикистон ва баргузории машваратҳои давлатҳои узви Созмони Ҳамкории Шанхай дар шаҳри Москва хабарҳо нашр кардааст. Бешубҳа, баргузор шудани чунин мулоқотҳои сатҳи баланд аз боло рафтани обрӯи Тоҷикистон дар сатҳи байналмилалӣ гувоҳӣ медиҳад.

Аз ҷараёни нахустин маҷлиси Ҳукумати мамлакат дар соли 2017 таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нашрияи «Ҷумҳурият», дар шумораи рӯзи сешанбе (24.01.2017, №18) ба хонандагони худ иттилоияи расмӣ пешниҳод намудааст. Дар шумораи мазкур нашрияи «Ҷумҳурият» якҷо бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт бахшида ба 20-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва ба хотири гиромидошти Қаҳрамони Тоҷикистон Нусратулло Махсум озмун эълон намудааст. Бардошт аз нишастҳои матбуотии вазорату идораҳо ва муассисаҳо дар саҳифаи 2 нашрия дарҷ гардидааст.

Дар рубрикаи «Сухани рӯз»-и «Ҷумҳурият» (25.01.2017, №19) суханони зерини Пешвои миллат оварда шудаанд: «Таҳкими муносибатҳои неки ҳамсоягӣ бо ҳамаи мамлакатҳои ҳамҷавор бо истифода аз василаҳои сиёсиву дипломатӣ, саъю талоши пайваста ҷиҳати ҳалли саривақтии масоили мубрами минтақа дар сархати сиёсати хориҷии давлати мо қарор хоҳад дошт».

Нашрия аз мулоқоти Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо намояндаи махсуси Иттиҳоди Аврупо оид ба Осиёи Марказӣ Питер Буриан хабари расмӣ чоп кардааст. Бояд зикр кард, ки Тоҷикистон барои рушду густариши муносибатҳои дӯстона бо Иттиҳоди Аврупо талоши зиёд ба харҷ дода, дар ин замина аз имконоти Созишномаи шарикӣ ва ҳамкорӣ миёни Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо, муколамаҳо оид ба масъалаҳои сиёсӣ ва амниятӣ, ҳамдастӣ дар соҳаи ҳуқуқи инсон, кумитаҳои ҳамкорӣ дар бахши муносибатҳои иқтисодӣ ва робитаҳои байнипарлумонӣ самаранок истифода менамояд.

Мақолаи олим Рӯзии Аҳмад бо сарлавҳаи  «Сада-ҷашни мулуки номдор» аз таърихи ҷашни Сада нақл мекунад. Муаллиф навиштааст: «Ҷашни Садаро дар даҳумин рӯз аз моҳи Баҳман (баробар ба 30-юми моҳи январи мелодӣ) баргузор мекарданд. Ба ақидаи мардум дар ин ҳангом сармо дар зимистон ба авҷи худ мерасад. Аз ин пас ҳаво рӯ ба эътидол меорад…».

Нашрияи парлумонӣ —  «Садои мардум» дар шумораи рӯзи сешанбе (24.01.2017, №7) гузориши матбуотӣ аз ҷараёни сафари Раиси Маҷлиси намоядагони Маҷлиси Олӣ Шукурҷон Зуҳуров ба кишвари Шоҳигарии Арабистон Саудӣ ва мулоқот бо Подшоҳи Шоҳигарӣ Салмон ибни Абдулазиз чоп кардааст. Салмон ибни Абдулазиз оли Сауд Тоҷикистонро «Шарики муҳими мамлакат дар минтақа» номида, ба масъулони девони подшоҳӣ, раиси Маҷлиси Шӯро ва роҳбарони вазорату идораҳои дахлдор дастур дод, ки барои суръат бахшидани масъалаҳои ҳалталаб ва рушду тавсеаи ҳамаҷонибаи робитаҳо бо Тоҷикистон корҳои зарурӣ анҷом диҳанд. Аз ҷумла, доир ба густариши робитаҳои фарҳангӣ, иқтисодию тиҷоратӣ, сармоягузорӣ ва ҳавасманду сафарбар намудани доираҳои соҳибкории мамлакат тадбирҳо андешанд.

«Адабиёт ва санъат» — минбари эҷодкорони Тоҷикистон мусоҳиба бо адиби шинохта Шаҳзодаи Самарқандиро бо сарлавҳаи «Вақте менависам, инсони беҳтарам» чоп кардааст. Шаҳзодаи Самарқандӣ муаллифи китобҳои «Сабри санг», «Исёни рӯҳ», «Дар сояи сафар», новеллаи «Синдроми Стокҳолм», романҳои «Замини модарон» ва «Регистон» мебошад. Романи «Регистон» бо ҷоизаи «Беҳтарин нависандаи сол» дар Лондон нашр шудааст. Дар саҳифаи назми нашрия шеърҳои Раънои Мубориз бо номи «Нуҳуфтаҳо ва шукуфтаҳо» ва дар саҳифаи наср ҳикояи Кароматуллоҳи Мирзо «Саргузашти сархӯр» пешниҳоди дӯстдорони адаб шудаанд.

Нашрияи «Омӯзгор» Фармоиши вазири маориф ва илмро «Оид ба анҷоми соли таҳсили 2016-2017», аттестатсияи аз синф ба синф гузаронидан ва хатм дар муассисаҳои таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ чоп кардааст.

 «Минбари халқ» — нашрияи марказии ҲХДТ оид ба ҷараёни маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, таъйиноти кадрӣ дар вазорату сохторҳои давлативу ҳукуматӣ, мулоқоти Пешвои миллат бо намояндаи Иттиҳоди Аврупо Питер Буриан хабару гузоришҳои муфассал чоп кардааст. Мақолаи «Боғбони боғи Кӯлоб» аз фаъолияти директори Боғи ботаникии Кӯлоб Тилло Бобозода, таҷрибаву дастовардҳои ин олими ободкору навовар нақл мекунад. Ҳафтанома ҳамчунин аз нишастҳои матбуотии вазорату идораҳо ва муассисаҳо оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолият дар нимсолаи дуюми соли гузашта хабарҳо нашр карда, мақолаи муҳаққиқ Нозим Нурзодаро бо сарлавҳаи «Омезиши дин ва сиёсат – омили тавсеаи ифротгаройӣ»  ба хонандагони худ пешниҳод кардааст. Муаллиф навиштааст: «Даҳ-понздаҳ соли охир сиёсӣ кардани ислом ва бо сиёсат омезиш додани дин сатҳи ифротгаройӣ ва тундгаройии динӣ-мазҳабиро дар миёни насли ҷавон ва миёнасоли тоҷик боло бурд, то ҷое, ки имрӯз ҳам дар донишгоҳҳо ва пажӯҳишгоҳҳои таҳқиқотӣ нуфузи хурофоту ҷаҳолати диниро метавон ба хубӣ мушоҳида кард». Муаллиф таъкид кардааст, ки дар ҳеҷ сурат ва ба ҳеҷ ваҷҳ наметавон ин ду падида – дин ва сиёсатро омезиш дод ва барои пиёда сохтани манофеи инфиродӣ ва гурӯҳӣ корбаст кард.

 

Январь 26, 2017 15:31

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 27 декабр, ҷумъа, 362-юмин рӯзи соли 2024 аст
Дар минтақаи таълимию таҷрибавии «Хуррамзамин» боғи интенсивӣ бунёд мешавад
Аз ҷониби кормандони мақомоти гумрук дар Душанбе муомилоти ғайриқонунии маводи тарфгарӣ пешгирӣ карда шуд
Дар Тоҷикистон баландшавии ҳолати ифлосшавии ҳаво дар назар аст
Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон 14 намоиш гузаронида шуд
Ҳавопаймои «Azerbaijan Airlines» дар наздикии шаҳри Актауи Қазоқистон суқут кард
Дар Душанбе масъалаи ҳифзи ҳуқуқҳои шахсони маъюб баррасӣ шуд
«Рақам» барои Суғд. Чӣ тавр МегаФон Тоҷикистон интернети мобилиро дар минтақа рушд медиҳад?
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб бахшида ба 100-солагии мунаққиди тоҷик Соҳиб Табаров ҳамоиш баргузор шуд
Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании Тоҷикистон соҳиби 15 техникаи вазнин барои корҳои наҷот гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад