Боғи навбуёнди «Истиқлол» ба макони воқеии сайру тамошо табдил меёбад
ХУҶАНД, 16.01.2017. /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Хуҷанд бо ибтикори Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ боз як боғи фарҳангию фароғатӣ бунёд карда мешавад. Боғи мазкур дар масоҳати 24 ҳазор метри мураббаъ, паҳлӯи роҳи маҷмааи «Истиқлол» дар гардиши хиёбони С.Айнӣ ҷой гирифтааст. Ба иттилои хадамоти матбуоти раиси шаҳри Хуҷанд дирӯз бо иштироки Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ ва раиси шаҳри Хуҷанд Шариф Шарифзода дар ин мавзеъ бо шинонидани ниҳолхои аввалин ба бунёди боғи мазкур замина гузошта шуд. Дар маъракаи ниҳолшинонӣ наздик ба 1500 нафар кормандони мақомоти давлатӣ, сохторҳои дахлдори ободонию сабзазоркунӣ, ташкилоту муассисаҳои маркази вилоят иштирок намуданд. Минбаъд беш аз 200 бех ниҳолҳои навъи арча қад-қади роҳи ин хиёбонро оро хоҳанд дод.
Ба иттилои Абдураҳмон Қодирӣ боғи фарҳангию истироҳатии «Истиқлол» аз дарахтони сояафкану ороишӣ, фаввораҳо, роҳраву нишастгоҳҳои замонавӣ ва дигар иншооти хизматрасонӣ иборат шуда, ба макони воқеии сайру тамошо ва истироҳату фароғати сокинон ва меҳмонони дохиливу хориҷии маркази вилоят табдил хоҳад ёфт. Дар оянда ба ин мавзеи фарҳангӣ бунёди чойхонаи миллӣ ва нуқтаи хӯрокҳои анъанавии тоҷикона шаҳомати бештар мебахшад.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад
Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Душанбе ҷашни Меҳргон таҷлил мегардад
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии меваи анор оғоз гардидааст
Дар Академияи идоракунии давлатӣ даври шаҳрии озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир шуд
Тоҷикистон ва Кувайт ҳамкориро дар арсаҳои фанновариҳои иттилоотӣ ва фарҳанг баррасӣ намуданд






