Бонки ҷаҳонӣ ҳавасманди васеъ намудани барномаҳои худ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Январь 18, 2017 15:09

ДУШАНБЕ, 18.01.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дар моҳҳои наздик интизор меравад, ки Шӯрои директорони Бонки ҷаҳонӣ лоиҳаи нав оид ба маблағгузории таҷдиду барқарорсозии Неругоҳи барқии обии «Норак»-ро тасдиқ намояд. Ин матлабро имрӯз ноиби Президенти Бонки ҷаҳонӣ оид ба Аврупо ва Осиёи Марказӣ Сирил Мюллер баъди мулоқот бо Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз намуд.
Ба таъкиди Сирил Мюллер, лоиҳаи мазкур дар ҳолати тасдиқ шуданаш яке аз лоиҳаҳои калонтарин хоҳад буд, ки Бонки ҷаҳонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ месозад.
Ноиби Президенти Бонки ҷаҳонӣ ҳамчунин иброз намуд, ки зимни мулоқот ба масъалаҳои рушди энергетика, об, инфрасохтор, таъсиси ҷойҳои нави корӣ барои аҳолии ҷавон ва беҳтар намудани сатҳи некуаҳволии мардуми Тоҷикистон эътибори хоса зоҳир гардид.
«Бонки ҷаҳонӣ ҳавасманди васеъ намудани барномаҳои худ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз дар ҷодаи мусоидат ба рушди минтақавӣ пешоҳангии хуб нишон дода истодааст. Ман умедвор ҳастам, ки Бонки ҷаҳонӣ метавонад дар оянда чунин ташаббусҳоро оид ба рушди ҳамкории минтақавӣ дастгирӣ намояд»,-илова намуд Сирил Мюллер.
Бонки ҷаҳонӣ интизор аст, ки барои амалӣ шудани ду мақсади асосии худ—кам кардани сатҳи камбизоатӣ ва таъмин намудани рушд бо иштироки тамоми кишварҳои ҷаҳон ҳамкориро давом диҳад.

Январь 18, 2017 15:09

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар шаҳри Душанбе ҷашни Меҳргон таҷлил мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии меваи анор оғоз гардидааст
Дар Академияи идоракунии давлатӣ даври шаҳрии озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш дар назар аст
Тоҷикистон ва Кувайт ҳамкориро дар арсаҳои фанновариҳои иттилоотӣ ва фарҳанг баррасӣ намуданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Маҷлиси намояндагон ду созишномаи ҳамкории Тоҷикистонро бо Фонди авруосиёии субот ва рушд тасдиқ намуд