«Бонки Эсхата»- ҷонибдори ҳосили пурсамари деҳқон!

Январь 27, 2017 17:26

ДУШАНБЕ, 27.01.2017. /АМИТ «Ховар»/. Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Бонки Эсхата» пешниҳоди қарзҳои аграриро барои онҳое, ки ҳаёти худро бо замин пайваста, беҳбудиву баракати рӯзгори мардумро вазифаи аввалиндараҷаи худ меҳисобанд, идома медиҳад. Барои сари вақт оғоз намудани корҳои саҳроӣ агар шумо ба маблағи қарзӣ ниёз дошта бошед, пас бонк ба шумо кумак мекунад.

Пешниҳоди қарзҳо барои ҳамаи соҳаҳои кишоварзӣ, аз ҷумла пахтакорӣ, чорводорӣ, боғу токпарварӣ, паррандапарварию парвариши занбӯри асал ва ғайраҳо ба роҳ монда шудааст. Маблағи қарзӣ ҳам бо асъори миллӣ ва ҳам бо асъори хориҷӣ пешниҳод гардида, муҳлати он аз 12 то 24 моҳро дар бар мегирад.

«Вазифаи мо мусоидат намудан дар рушди хоҷагии қишлоқ мебошад»,-гуфт ҳамоҳангсози қарзҳои аграрии «Бонки Эсхата» Алиҷон Сулаймонов.

Ба гуфтаи ӯ, акнун деҳқонон дастрасии бештарро ба маблағҳои бонкӣ барои кишту кори баҳорӣ, нигоҳубини замини корам, ҳосилғундорӣ ва хариди таҷҳизоту техникаи кишоварзӣ пайдо намуданд.

Фаъолияти самти қарзҳои аграрӣ барои мусоидат дар беҳтарсозии соҳаи аграрӣ ва дастгирии заминдорон дар Тоҷикистон равона карда шудааст.

«Бонки Эсхата» дар оянда низ дар ин самт фаъолияти пурсамари худро баҳри рушди хоҷагии қишлоқ идома медиҳад.

Банк Эсхата

Январь 27, 2017 17:26

Хабарҳои дигари ин бахш

Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Ҳамёни рақамӣ дар «МегаФон Life» боз ҳам мувофиқтар шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар ноҳияи Роштқалъа корҳои биотехникӣ идома доранд
Дар Ҳисор муоинаи техникаҳои кишоварзӣ ва омодагии онҳо ба мавсими кишт гузаронида шуд