Бонки миллӣ ва «Тоҷик Эйр» дастоварду камбудиҳои фаъолияташонро манзури хабарнигорон мекунанд

Январь 20, 2017 16:44

ДУШАНБЕ, 20.01.2017. /АМИТ Ховар/. 23 январи соли 2017 Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бонки миллии Тоҷикистон, ҶСК «Тоҷик Эйр», Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Т.Сатторов ва Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон нишасти матбуотӣ баргузор менамоянд.
Роҳбарони сохторҳои мазкур омодаанд ба суолҳои хабарнигорони ВАО оид ба дастоварду камбудиҳои фаъолияташон дар соли 2016 посух бигӯянд.
Хотиррасон менамоем, ки нишасти матбуотии ҶСК «Тоҷик Эйр» соати 09-00 ва Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соати 14-00 дар толори Маркази матбуоти ҷумҳуриявии АМИТ «Ховар», Бонки миллии Тоҷикистон соати 11-00, Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Т.Сатторов соати 10-00 ва Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон соати 09-00 дар бинои муассисаҳои мазкур баргузор мегарданд.
Барои гузаронидани нишастҳои матбуотӣ вазорату идораҳо метавонанд бо маркази матбуоти ҷумҳуриявии АМИТ «Ховар» бо рақами телефони 918-21-52-04 тамос гиранд.

Январь 20, 2017 16:44

Хабарҳои дигари ин бахш

Доир ба саҳми барандагони Ҷоизаи Исмоили Сомонӣ дар рушди Тоҷикистони муосир конференсия баргузор шуд
Пешвои миллат: «Вилояти Хатлон дар таърихи давлатдории тоҷикон ҷойгоҳи махсус дорад»
ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН ТО АБАД УСТУВОРУ ПОЯНДА БОШАД! Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
«РУШДИ ҲУҚУҚИ ИНСОН ДАР 35 СОЛИ СОҲИБИСТИҚЛОЛИИ ТОҶИКИСТОН». Таҳти ин унвон конференсияи байналмилалӣ доир шуд
Дар солҳои соҳибистиқлолии Тоҷикистон андозаи нафақаҳо беш аз 20 маротиба индексатсия карда шуд
35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛ: АЗ ОЗМОИШҲОИ ТАЪРИХ ТО БУНЁДИ ПОЯҲОИ ОЯНДАИ ДУРАХШОН. Андешаҳо дар ин маврид
Аз 1 сентябр маоши вазифавии кормандони соҳаҳои маориф, илм, фарҳанг, варзиш, тандурустӣ ва муассисаҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ зиёд карда мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар деҳаи Руҳафзои ноҳияи Темурмалик 9 иншооти таъйиноти гуногун ифтитоҳ гардид
Дар Тоҷикистон ҳавои моҳи якуми фасли тирамоҳ то 1 дараҷа гарм пешгӯӣ мешавад
Бо иштироки Сарвазири Тоҷикистон маросими супоридани мукофот ва ҷоизаҳои давлатӣ ба намояндагони касбу кори гуногун баргузор шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Аз соли 2027 шаҳрвандони хориҷӣ дар Федератсияи Русия кадом талаботи навро бояд риоя намоянд?
Оид ба нақши Пешвои миллат дар таҳкими истиқлолият ва рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳамоиш доир шуд