Бориши барфу тармафароӣ роҳи Душанбе- Хоруғро ҳанӯз ҳам баста нигоҳ медорад
ХОРУҒ, 30.1.2016. /АМИТ «Ховар»/. Масъулини Муассисаи давлатии хоҷагии роҳҳои автомобилгарди ВМКБ «Бадахшонроҳ» ба хабарнигори АМИТ Ховар» иттилоъ доданд, ки бар асари боришоти зиёд, ки 28-уми январ ба вуқӯъ пайвастанд, танҳо дар самти роҳи автомобилгарди Қалъаи Хумб-Хоруғ-Ҷелондеҳ-Мурғоб-Кулма наздики 40 тармаи калон фаромада, ҳаракати нақлиёт катъ гардид. Дар баробари ин шоҳроҳи дорои аҳамияти байналмилалӣ, ҳамчунин самти роҳи автомобилгардии Хоруғ-Ишкошим бар асари тармафуроӣ муваққатан баст шуд. Ба гуфтаи роҳсози муассисаи мазкур Сафармамад Гуламадов, ҳамагӣ дар масофаи 30 километр, яъне аз шаҳри Хоруғ то ҷамоати ба номи Ғарибшо Шабозови ноҳияи Шуғнон 60 тарма фуромадааст. Айни ҳол аз ду тараф- ҳам аз шаҳри Хоруғ ва ҳам Ишкошим техникаҳои пуриқтидор ба тозакунии тармаҳо машғуланд.
Бо мақсади таъмини фаъолияти пурсамари роҳсозон дар баробари захираҳои мавҷудаи муассисаҳои нигахдории роҳҳо аз ҳисоби ситоди ҳолатҳои фавқулода ва мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ сӯзишворӣ ҷудо гардидааст. Поксозии роҳи мошингард аз барф ба таври шабонарӯзӣ идома дорад. Паҳноии ҳар як тарма ба ҳисоби миёна аз 200 то 500 ва баландиаш то 30 метр мерасад. Аз ин рӯ тоза кардани ин тармаҳо вақти зиёдро талаб мекунад.
Ба гуфтаи устои роҳ Сафармамад Гуламадов, пас аз нисфирӯзӣ ҳарорати ҳаво гарм мешавад ва эҳтимоли фуромадании тарма вуҷуд дорад. Бинобар ин кор то бегоҳирӯзӣ қатъ карда мешавад.
Ситоди ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи шаҳрвандони ВМКБ ронандагону мусофиронро ҳушдор медиҳад, ки сафари худро бо мақсади рух надодани ягон ҳодисаи нохуш ба самти шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои ВМКБ муваққатан мавқуф гузоранд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард






