Бозӣ миёни Тоҷикистону Ҳиндустон 20 январ барпо мегардад

Январь 18, 2017 09:10

ДУШАНБЕ, 18.01.2017/АМИТ «Ховар»/. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон бори дигар дар мусобиқаи байналмилалӣ барои хотира ва ҷоизаи аввалин ноиби президенти ФИФА Валентин Гранаткин аз силсилаи зарбаҳои пеналтии баъдибозӣ аз дастаи мунтахаби Литва бо натиҷаи 4:5 мағлуб шуд. Ин бозиҳо барои ба даст овардани мақоми аз 13 то 16 ба ҳисоб мерафтанд. Дар бозии гузашта низ футболбозони мо бо ҳамин услуб аз дастаи мунтахаби Беларус бо ҳисоби 7:6 дучори мағлубият шуда буданд.
Акнун футболбозони тоҷик дар рақобат бо дастаи мунтахаби Ҳиндустон барои ҷойҳои охир-15-ум ва 16-ум вориди майдон мешаванд.
Дар бозии гузашта ҳиндуҳо аз дастаи мунтахаби Эрон бо нишондоди 1:0 мағлуб шуданд.
Ёдрас мешавем, ки дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Ҳиндустон дар гурӯҳҳои худ соҳиби ҷои сеюм буданд. Бозии ниҳоӣ рӯзи 21 январ барпо мегардад.

Январь 18, 2017 09:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар шаҳри Душанбе ҷашни Меҳргон таҷлил мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии меваи анор оғоз гардидааст
Дар Академияи идоракунии давлатӣ даври шаҳрии озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш дар назар аст
Тоҷикистон ва Кувайт ҳамкориро дар арсаҳои фанновариҳои иттилоотӣ ва фарҳанг баррасӣ намуданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Маҷлиси намояндагон ду созишномаи ҳамкории Тоҷикистонро бо Фонди авруосиёии субот ва рушд тасдиқ намуд