Боздиди ҷавонони Хатлон аз корхонаи «Хима текстил»-и ноҳияи Ёвон
ҚӮРҒОНТЕППА, 20.01.2017 /АМИТ «Ховар»/. 130 нафар ҷавонон аз шаҳру навоҳии вилояти Хатлон аз корхонаи «Хима текстил»-и ноҳияи Ёвон дидан намуданд. Тавре аз Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилояти Хатлон ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ҷавонон бо шароити кори корхонаи мазкур аз наздик шинос шуда, бо роҳбарият ва кормандон суҳбат намуданд.
Ҳамзамон дар Кохи фарҳанги ноҳия барномаи фарҳангӣ баргузор гардида, сипас роҳпаймоӣ бо иштироки зиёда аз 1000 нафар ҷавон гузаронида шуд.
Ба иттилои манбаъ, ҳамчунин дар мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №16-и ноҳияи Ёвон ҳамоиши ҷавонон зери унвони «Президент, Истиқлолият, Ҷавонон» баргузор гардид, ки дар он ҷавонони фаъоли вилоят таклифу пешниҳодҳои худро манзур карданд.
Дар ҳамоиш табрикоти Дабири кулли Созмони Миллати Мутаҳид Пан Ги Мун оид ба қабули қатънома дар бораи Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018 — 2028, муроҷиатномаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣПешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати пурра бардоштани реҷаи неруи барқ дар Тоҷикистон ва муроҷиатномаи ҷавонони вилояти Хатлон оид ба эълон гардидани соли 2017 соли ҷавонон пешниҳоди иштирокдорон гардонида шуд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






