Боздиди донишҷӯёну устодон аз корхонаҳои бузурги саноатӣ тавассути хатсайри Душанбе-Қўрғонтеппа-Кўлоб

Январь 17, 2017 10:38

ДУШАНБЕ, 17.01.2017 /АМИТ «Ховар»/. Бо  ибтикори раёсати Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмати Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон 14 январи соли 2017 гурӯҳи устодону донишҷўёни донишкада тавассути қатораи хатсайри Душанбе-Қўрғонтеппа-Кўлоб ба тамошои корхонаҳои шаҳру навоҳии вилояти Хатлон баромаданд.
Тавре ки масъулини донишкада хабар доданд, мақсад аз  сафар боздид аз корхонаҳои бузурги саноатии вилояти Хатлон ва шиносоӣ бо сатҳу сифати хизматрасонии роҳи оҳан дар хатсайри чанде пеш ба фаъолият оғоз намудаи Душанбе-Қўрғонтеппа-Кўлоб буд.
Сараввал устодону донишҷўёни донишкада аз шароит ва имконоту хизматрасониҳои истгоҳи роҳи оҳани шаҳри Душанбе дидан карданд.
Катораи  Душанбе-Қўрғонтеппа-Кўлоб бо ҳайати устодону донишҷуён соати 8.30 ба сафар баромад. Тавре ки Гулноз Зокирова, донишҷӯи соли чоруми донишкада иброз дошт, вагонҳои қатора тозаю озода буданд. «Роҳбаладон низ бо рӯҳияи болида аз устодону донишҷўёни донишкада истиқбол намуданд.  Дохили вагонҳо тамоми шароитро доро буд. Сарнишинони қатора пайваста талош менамуданд, ки мусофирон аз сафари хеш таассуроти нек бардоранд. Ҳамин аст, ки онҳо бо мо бо меҳрубонии хосаю самимӣ муносибат мекарданд ва тамоми имконоти маишию истироҳатии қатораро барои мо муҳайё сохтанд»,-илова намуд Гулноз Зокирова.
Талошҳои кормандони қатораи хатсайри Душанбе-Қўрғонтеппа-Кўлоб имкон доданд, ки сафари ҳайати устодону донишҷӯёни Донишкада ба шаҳру навоҳии вилояти Хатлон хотирмон гузарад.
DSC00598Устодону  донишҷўёни Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат сараввал аз  корхонаи истеҳсоли сементи шаҳри Ёвон- «ШБИ Чжунгтсай моҳир семент» дидан намуданд.   Корхона 24 августи соли 2016 бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба кор шурӯъ намуда буд.  Устодону донишҷўёни донишкада бо раванди фаъолияти  коргоҳҳои истеҳсолии корхона аз наздик шинос шуда, бо кормандону мутахассисон оид ба махсусияти истеҳсолот, истифодаи технологияҳои нав дар ҷараёни истеҳсолот суҳбат намуданд.
Баъд аз ошноӣ бо ҶДММ «ШБИ Чжунгтсай моҳир семент» қатора ҷониби шаҳри Данғара роҳ пеш гирифт. Дар истгоҳи шаҳри Данғара намояндагони Мақомоти давлатии ҳокимияти иҷроияи маҳаллӣ устодону донишҷўёнро истиқбол гирифта, ҷониби Маҷмааи нассоҷии «Чжунгтсай-Данғара Син-Силу Текстил» равон шуданд. Корхонаи мазкур аз бузургтарин коргоҳҳои нассоҷии Осиёи Марказӣ ба ҳисоб рафта, шурӯъ аз 31 августи соли гузашта  бо иштироки бевоситаи Пешвои миллат, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолият оғоз намудааст.
Дар маҷмааи нассоҷии «Чжунгтсай-Данғара Син-Силу Текстил» дар айни ҳол 600 нафар сокинони маҳаллӣ кор карда,  дар як сол 15 ҳазор тонна пахтаи ватаниро коркард менамоянд. Дар ҳоли пурра ба кор андохтани коргоҳи мазкур иқтидори солонаи коркарди 52 ҳазор тонна пахта ва истеҳсоли 150 миллион метри мураббаъ  матоъ дар назар аст.
DSC00726Устодону донишҷўён дар коргоҳи мазкур бо равандҳои истеҳсолӣ ва технологияҳои муосири коркарди маҳсулот  шинос шуданд.  Ба  кор андохтани чунин корхонаҳои пуриқтидори замонавӣ барои пешбурди иқтисодиёти мамлакат, таъмини ахолӣ бо ҷойҳои нави корӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагонии аҳолӣ мусоидат менамояд.
Тавре донишҷӯёну устодони донишкада аз таассуроти худ аз корхонаҳои бузурги саноатӣ  нақл карданд, тамошои ин коргоҳҳо ба онҳо рӯҳу илҳоми тоза бахшида, барои минбаъд беҳтар ба роҳ мондани раванди таълиму тарбия, ҳамоҳангсозии таълим ва илму истеҳсолот мусоидати бештар хоҳад кард.
Идомаи сафари ҳайат ҷониби шаҳри бостонии Кўлоб буд. Дар шаҳри Кўлоб устодону донишҷўёни донишкадаро намояндагони ҳукумати шаҳр истиқбол намуданд. Фазои шаҳри бостонии Кўлоб ва пазироии гарм барои ҳайати донишкада як ҷаҳон таассурот бахшида, бозгашт ҷониби шаҳри Душанберо боз ҳам хотирмон сохт.

Январь 17, 2017 10:38

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Восеъ 19 ҳазору 540 нафақагир сабти ном шудаанд
Масоили марбут ба ташкили давраи омӯзишӣ дар бахши фанновариҳои иттилоотӣ ва иртиботӣ баррасӣ шуд
Теъдоди ҳалокшудагони обхезӣ дар Бразилия аз 70 нафар гузашт
«Амонатбонк» меъёри фоизи қарзҳоро аз 2 то 4 банди фоизӣ паст намуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабр пешгӯӣ мешавад
Бо мақсади тақвияти рушди содирот ба бозори ҷаҳонӣ бо хоҷагидорони ноҳияи Ҷайҳун вохӯрӣ доир шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар Ишкошим 300 бех ниҳоли гуногуни мевадиҳанда шинонида шуд
Дар шаҳри Бӯстон бо сокинони маҳаллаи «Ғалаба» мулоқоти судманд баргузор гардид
Ба воҳидҳои Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании Тоҷикистон техникаи нав супорида шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон доир ба ҳифзи арзишҳои миллӣ ҳамоиш доир шуд
Дар Вашингтон дар назди мактаб тирпаронӣ ба амал омад