Боздиди гурӯҳи машваратии Бонки ҷаҳонӣ аз Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ
ДУШАНБЕ, 19.01.2017. /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз бо мақсади арзёбии иқтидор ва талаботи лоиҳаи «Идораи хатарҳои офатҳои табиии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон» мулоқоти раиси Кумита Рустам Назарзода бо гурӯҳи машваратии Бонки ҷаҳонӣ бо сарварии роҳбари ширкати машваратии «Asian Disaster Preparedness Center (ADPC)» Аслам Первайз баргузор шуд.
Тавре аз Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ хабар доданд, дар мулоқот механизмҳои самаровари татбиқи лоиҳа баррасӣ шуданд. Аз ҷумла, масъалаҳои бунёди марказҳои идораи ҳолатҳои буҳронӣ дар сатҳҳои ҷумҳуриявӣ ва минтақавӣ мавриди суҳбат қарор гирифтанд. Ҷонибҳо масоили таҳкими зарфиятҳои кадрӣ, марказҳои омӯзишӣ, рушди минбаъдаи маркази иттилоотӣ-таҳлилии КҲФ, ҳамчунин омодасозӣ ва бозомӯзии кормандони воҳидҳои наҷоти Кумитаро баррасӣ карданд.
«Аслам Первайз зикр намуд, ки баргузории ин гуна вохӯриҳо ба татбиқи саривақтӣ ва самаровари тарҳҳои муштарак мусоидат мекунад. Вай ҳамчунин гуфт, ки дар тӯли 10 моҳи оянда гурӯҳ корро сари ин лоиҳа ба анҷом мерасонад. Дар поёни мулоқот ҷонибҳо омодагии худро барои ҳамкории минбаъда изҳор доштанд»,- иттилоъ доданд аз Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ.








Дар шаҳри Душанбе ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад
Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид






