Бозии аввали интихобиро Тоҷикистон бо дастаи мунтахаби Яман мегузаронад
ДУШАНБЕ, 24.01.2017/АМИТ «Ховар»/. Бозии аввали худро дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар доираи бозиҳои интихобии Ҷоми Осиё-2019 бо дастаи мунтахаби Яман дар шаҳри Доҳаи Қатар 28 март барпо менамояд. Баъди қуръакашии марҳалаи интихобии Ҷоми Осиё-2019, ки дирӯз дар шаҳри Абу-Дабии Имороти Муттаҳидаи Араб гузаронида шуд, рақибони дастаи мунтахаби Тоҷикистон муайян гардиданд.
Ба ҳамин тартиб Тоҷикистон дар гурӯҳи «F» бо тимҳои Филиппин, Яман ва Непал барои ду роҳхат ба бозиҳои ниҳоии Ҷоми Осиё-2019 мубориза мебарад
Тибқи тарҳрезии тақвими мусобиқоти интихобӣ дастаи мунтахаби миллии мо соли 2017 се бозиро дар майдони худ ва ду бозиро дар сафар мегузаронад. Як бозии дигар ба соли 2018 рост меояд.
Ҳамин тавр дар даври якуми марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2019 дастаи миллии Тоҷикистон 28 март бо Яман дар шаҳри Доҳа, 13 июн дар даври дуюм бо Филиппин дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе, дар даври сеюм 5 сентябр дар сафар бо Непал ва 10 октябр бо ҳамин даста дар бозии ҷавобӣ дар шаҳри Душанбе қувва меозмояд. Дастпарварони Ҳаким Фузайлов дар соли 2017 бозии охирини худро бо дастаи Яман мегузаронанд. Бозии охирини интихобӣ 27 марти соли 2018 дар сафар бо дастаи мунтахаби Филиппин сурат мегирад.
Аз натиҷаи мусобиқаҳои интихобӣ аз 6 гурӯҳ 12 дастаи беҳтарин ба бозиҳои ниҳоии Ҷоми Осиё -2019 роҳхат мегиранд.
Натиҷаи қуръакашии бозиҳои интихобии Ҷоми Осиё-2019:
Гурӯҳи «А»: Қирғизистон, Ҳиндустон, Мянма, Макао.
Гурӯҳи «В»: Ҷумҳурии Кореяи Халқӣ-Демократӣ, Гонконг, Лубнон, Малайзия.
Гурӯҳи «С»: Урдун, Ветнам, Афғонистон, Камбоҷа.
Гурӯҳи «D»: Уммон, Фаластин, Малдив, Бутан.
Гурӯҳи «E»: Баҳрайн, Туркманистон, Тайбэйи Чин, Сингапур.
Гурӯҳи «F»: Филиппин, ТОҶИКИСТОН, Яман, Непал.








Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд






