Брифинг дар Чин дар робита ба қабули Қатъномаи МУ СММ оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор»
ДУШАНБЕ, 20.01.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин 19 январ барои намояндагони ВАО бахшида ба қабули Қатъномаи МУ СММ Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028 брифинг барпо гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Сафири Тоҷикистон дар Чин Парвиз Давлатзода зикр кард, ки ташаббус оид ба эълони Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» бори аввал аз ҷониби Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷараёни Форуми 7-уми ҷаҳонии об пешниҳод шуда буд. Мутобиқи Қатъномаи мазкур давраи солҳои 2018-2028 ҳамчун Даҳсолаи байналмилаии амал «Об барои рушди устувор» эълон мешавад, ки он аз 22 марти соли 2018 шурӯъ шуда, 22 марти соли 2028 ба анҷом мерасад.
Соли 2003 бо ташаббуси Тоҷикистон Маҷмаи Умумии СММ қатъномаеро қабул намуд, ки тибқи он давраи солҳои 2005 — 2015 ҳамчун Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои ҳаёт» эълон шуда буд. Баъдан, дар чаҳорчӯби даҳсолаи мазкур МУ СММ ташаббуси дигари Тоҷикистонро оид ба эълон намудани соли 2013 ҳамчун Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об қабул кард.
Даҳсолаи нав идомаи мантиқии Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои ҳаёт» маҳсуб шуда, ҷиҳати расидан ба Ҳадафҳои рушди устувор мусоидат хоҳад кард.








Сафири Тоҷикистон бо Вазири энергетика ва маъданҳои Салтанати Умон мулоқот намуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 31 дараҷа гарм мешавад
«35 СОЛИ СОЗАНДАГӢ ВА РУШДИ МИЛЛӢ». Таҳти чунин унвон ҳамоиши илмӣ-амалӣ доир шуд
БАРОИ АЛОҚА, БАРОИ ОДАМОН, БАРОИ ҶУМҲУРӢ. МегаФон Тоҷикистон дар чоряк асри фаъолият чӣ корҳоро анҷом дод?
Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо ҳамкориро дар соҳаи саноати сабук густариш медиҳанд
ИМРӮЗ — РӮЗИ АВИАТСИЯИ ГРАЖДАНӢ. Аз Тоҷикистон ба зиёда аз 20 кишвари ҷаҳон парвозҳо ба роҳ монда шудааст
ГРАНТИ ПРЕЗИДЕНТӢ. Давоми солҳои соҳибистиқлолӣ ба 1395 нафар занон беш аз 45 миллион сомонӣ грант ҷудо гардид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Дар ин давра Тоҷикистон ба дастовардҳои рушди устувор ноил гардид






