Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» барои Тоҷикистон мояи ифтихору сарфарозист
ДУШАНБЕ, 19.01.2017. /АМИТ «Ховар»/. Дар ташкилоти ибтидоии «Хизматрасонии авиатсионӣ»-и Кумитаи иҷроияи ибтидоии Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ҷамъомад баргузор шуд. Дар он Паёми навбатӣ ва қабули пешниҳоди Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Маҷмааи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар бобати эълон намудани Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028 мавриди омӯзиш қарор дода шуд.
Ҷӯрабек Муродов, мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур доир ба ҳадафҳо ва самтҳои асосии марҳалаи имрӯзаи рушди давлатдории Тоҷикистон, дастовардҳои кишвар дар даврони Истиқлолият, ҷанбаҳои омӯзандаи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва оид ба эълон гардидани Соли 2017 -соли ҷавонон сухан гуфт.
Комрон Баҳромзода дар масъалаи ҳадафҳои асосии ин даҳсолаи байналмилалӣ маърӯза намуда, зикр кард, ки қабули пешниҳоди Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Маҷмааи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар бобати эълон намудани Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028 барои Тоҷикистон мояи ифтихору сарфарозист.
Хотиррасон мекунем, ки имрӯзҳо дар доираи нақшаи чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур дар ҳамаи кумитаву ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ вохӯрии кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия оид ба шарҳи нуктаҳои Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 декабри соли 2016 ҷараён доранд.








Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш дар назар аст
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад
Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Душанбе ҷашни Меҳргон таҷлил мегардад






