Даҳсолаи нави об дар татбиқи амалии ҳадафҳои марбут ба об мусоидат хоҳад кард
ДУШАНБЕ, 12.01.2017 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба эълон гардидани Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028 дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки роҳбарият ва кормандони дастгоҳи марказии Вазорат, инчунин намояндагони воситаҳои ахбори оммаи кишвар ҷаласа доир гардид.
Хабарнигори АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки ҷаласаро муовини Вазири рушди иқтисод ва савдо Гулрӯ Ҷабборзода ифтитоҳ намуда, гуфт, ки мақсади асосии Қатъномаи мазкур муҳайё сохтани механизм ва платформаи иловагӣ барои мусоидат баҳри расидан ба ҳадафҳои рушди устувор дар қисмати об ва дигар ҳадафҳои марбут ба об дар сатҳи байналмилалӣ мебошад.
Аз ҷумла, зикр гардид, ки тибқи муқаррароти Қатънома кишварҳои узви СММ, созмонҳои байнидавлатӣ ва тамоми ҷонибҳои манфиатдор ба рушди устувори захираҳои об таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, тавассути мудирияти ҳамгироёнаи захираҳои об баҳри тавсеаи ҳамкорию иштирок дар ҳама сатҳҳо, ҷалб ва татбиқи барномаҳову лоиҳаҳои соҳаи об талош варзанд.
Кормандони масъули Вазорат таъкид доштанд, ки дар сатҳи ҷаҳонӣ қабул гардидани Қатъномаи мазкур як платформаи муҳимро барои ҳалли масъалаҳои марбут ба об муҳайё месозад, ки дар татбиқи амалии ҳадафу вазифаҳои марбут ба оби ҳадафҳои рушди устувор мусоидат хоҳад кард.
Ҳамчунин зикр гардид, ки сармоя ва маблағгузорӣ дар соҳаи об, хусусан, барои рушди инфрасохтори об яке аз омилҳои асосии ҳалли масъалаҳои соҳаи об мебошад. Интизор меравад, ки қабул гардидани даҳсолаи нав ба ин раванд такони ҷиддӣ ва неруи тоза мебахшад.
Қобили тазаккур аст, ки қабули Қатъномаи нави Маҷмаи Умумии СММ ҷиҳати эълон намудани Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028 барои ҷалби маблағҳои инвеститсионӣ роҷеъ ба ҳалли масъалаҳои марбут ба об мусоидат намуда, интизор меравад, ки дар доираи он шаҳри Душанбе боз мизбони чандин ҳамоишҳои бузурги ҷаҳонӣ бо иштироки сиёсатмадорону сармоягузорон ва олимону коршиносони ҷаҳонӣ гардад.













«Кока-Кола Нӯшокиҳои Тоҷикистон» ва Федератсияи футболи Тоҷикистон ҳамкории дарозмуддатро тасдиқ намуданд
Дар вилояти Хатлон ҷаласаи Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба зимистонгузаронӣ баргузор шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 10 дараҷа гарм мешавад
Ҳифзи Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ва Ваҳдати миллӣ муҳимтарин вазифа аст
Дар шаҳри Ҳисор оид ба пешгирии қонунвайронкуниҳо ҷаласаи васеи назоратӣ баргузор шуд
Дар Душанбе 24 нуқтаи савдо дар маконҳои номуайян бартараф карда шуд
Соли 2026 дар Тоҷикистон ду неругоҳи офтобӣ ба истифода дода мешавад
Тарофаҳою хизматрасониҳои мобилӣ чӣ гуна тавлид мешаванд?
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Пагоҳ дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон сар задани сел дар назар аст
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Кормандони воҳидҳои сохтории Суғд аз тамошои Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ таассуроти амиқ бардоштанд






