Дар арафаи Наврӯз дар Исфара сардхонаи нави замонавӣ мавриди истифода қарор мегирад
ДУШАНБЕ, 25.01.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дар арафаи Иди байналмилалии Наврӯз дар ҶДММ «Баракат Исфара» сардхонаи нави замонавӣ барои нигаҳдошти 700 тонна ашёи хоми нимтайёр мавриди истифода қарор мегирад. Дар ин бора раиси шаҳри Исфара Дилшод Расулзода зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод.
Ба маълумоти Дилшод Расулзода, дар айни замон навсозии корхона барои истеҳсоли меваи хушки органикӣ ва сохтмони сардхонаи муосир бо ҷалби беш аз 2 млн. доллар идома дорад.
Дар ҷараёни баргузории нишаст раиси шаҳри Исфара ҳамчунин зикр кард, ки соли 2016 рушди босуботи иқтисодиву иҷтимоии шаҳр дар кулли соҳаҳо таъмин шуда, дастовардҳои мардуми он нисбат ба соли 2015 беҳтару назаррас гардиданд. Дар ин давра ба маблағи 279,2 млн сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол ва хизматрасонии пулакӣ ба анҷом расонида шуд, ки ин нишондод нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 105 %-ро ташкил медиҳад. Инчунин дар соли сипаригардида 3 корхонаи хурд ва 6 коргоҳи нави саноатӣ, ки ба банду басти меваи хушк ва истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ машғуланд, ба фаъолият шурӯъ намуданд.
Дар раванди нишаст Дилшод Расулзода оид ба дастовардҳои муҳимтарину калидии мардуми Исфара, бурду бохти соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии шаҳр, аз ҷумла раванди ободонии маҳаллаи Сомониёни маркази шаҳр ва таъмини он бо оби полезӣ, тадбирҳои дар самти таъмири роҳи самти Исфара-Чорқишлоқ андешидашаванда, нақшаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр оид ба роҳандозии Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018- 2028, Соли ҷавонон эълон гардидани соли 2017, сохтмони иншооти варзишӣ, ба шафати варзишгоҳи марказӣ кӯчонидани автовокзали шаҳрӣ, пайомади раванди таҷдиди сохтори кишоварзӣ ва назорати аз кишт дур намондани заминҳо мушаххас маълумот дод.








Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Ҳамёни рақамӣ дар «МегаФон Life» боз ҳам мувофиқтар шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар ноҳияи Роштқалъа корҳои биотехникӣ идома доранд
Дар Ҳисор муоинаи техникаҳои кишоварзӣ ва омодагии онҳо ба мавсими кишт гузаронида шуд






