«Дар даҳ сол ба маблағи ду миллиард сомонӣ зарари молиявӣ ошкор гардидааст» — шарҳи матбуот

Январь 12, 2017 17:02

ДУШАНБЕ, 12.01.2017 /АМИТ «Ховар»/. Нашрияи расмии «Ҷумҳурият» (9.01.2017,№5) мақолаи Зикриё Акрамиро бо сарлавҳаи «Аз табори хирад» нашр кардааст. Муаллиф аз заминаҳо ва сабабҳои сар задани ҳодисаҳои солҳои 90, вазъи мураккабу мушкили он замон ва барпо шудани Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олӣ ёдовар шуда, навиштааст: «Сарварии ҷомеаро пазируфтан дар вазъияти басо муташанниҷ кори саҳлу осоне набуд, чунки иҷлосияи мазкур дар давроне мегузашт, ки ҳукумати қонунӣ воқеан вуҷуд надошт ва мамлакат дар гирдоби буҳрони нобасомониву гирудору парокандагӣ қарор дошт». Дар идомаи мақола омадааст: «Эмомалӣ Раҳмон яке аз нахустин сиёсатмадоронанд, ки бидуни дудилагӣ 48 вазифаи масъули давлатиро ба собиқ мухолифини хеш супурданд. Тақрибан 7000 яроқбадастони Иттиҳоди неруҳои мухолифини тоҷик реинтегратсия шуда, ба неруҳои давлатӣ ҳамроҳ гардиданд, ки ин гуна муносибат намудани Президенти мамлакат, пеш аз ҳама, ба ҷомеадӯсти асил будан, сарҷамъии тамоми мардумро хостан ва давлати миллии моро таҳким бахшидани Эмомалӣ Раҳмон гувоҳ аст».

Мақолаи «Содиқ буд ва содиқ монд» оид ба зиндагинома ва  фаъолияти нахустин роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон шодравон Султон Мирзошоев навшта шудааст, ки дар ҳамин шумораи нашрия пешкаши хонандагон гардидааст.

Дар рубрикаи «Сухани рӯз»-и «Ҷумҳурият» (10.01.2017, №6), ки рӯзи сешанбе ба хонандагон пешниҳод шудааст, суханони зерини Пешвои миллат оварда шудаанд: «Мақомоти мубориза бар зидди коррупсияро зарур аст, ки барои тоза кардани мақомоти давлатӣ аз шахсони тасодуфӣ ва ҷиноятпеша чораҳои дахлдор андешанд ва пеш аз ҳама, ҳангоми қабул ба кор ва ҷобаҷогузории кадрҳо дар худи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва сохторҳои он дар маҳалҳо ба ин масъала таваҷуҳи ҷиддӣ зоҳир намоянд».

Дар шумораи мазкури нашрия ҳамчунин матни суханронии Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати 10-солагии таъсиси Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, бо сарлавҳаи «Мубориза бо коррупсия самти афзалиятноки сиёсати давлатӣ маҳсуб меёбад» бознашр шуда, ҳамчунин мақолаи Директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти сарлавҳаи «Ҳадаф-муқовимат бо коррупсия ва таъмини шаффофияти фаъолияти назоратӣ» пешкаши хонандагон шудааст. Дар мақола оид ба фаъолияти даҳсолаи Агентӣ, аз ҷумла чунин зикр шудааст: «Агентӣ дар вазорату кумитаҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, марказҳо ва гурӯҳҳои лоиҳаҳои инвеститсионӣ, субъектҳои хоҷагидории давлатӣ ва дигар ташкилоту муассисаҳо 11742 тафтишу санҷишҳои молиявӣ гузаронида, ба маблағи 1 миллиарду 959 сомонӣ зарари молиявиро ошкор намудааст».

Дар шумораи дирӯз чопшудаи «Ҷумҳурият» (11.01.2017, № 7) аз мулоқоти Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбари миссияи Хазинаи байналмилалии асъор оид ба Тоҷикистон Пол Росс, ки 10 январ дар Душанбе баргузор шуда буд, хабари муфассал дарҷ гардида, мақолаҳои «Назарфиребӣ. Дар бораи истифодаи ғайримақсадноки замин дар Суғд», «Ифтихор ва масъулияти бузург», «Либоси арӯсӣ. Чаро он миллӣ нест?», «Аз ҷарима то ҷавобгарӣ» ва дигар маводи ҷолиб пешниҳоди хонандагон шудааст.

Нашрияи парлумонии «Садои мардум» (12.01.2017, № 3) бо сарлавҳаи «Дар даҳ сол ба маблағи ду миллиард сомонӣ зарари молиявӣ ошкор гардидааст» суханронии Пешвои миллат, Сарвари давлатро ба муносибати 10-солагии таъсиси Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия пешниҳоди хонандагон намудааст. Вобаста ба мавзӯи мазкур – мубориза бо коррупсия нашрия ҳамчунин мақолаи вакили Маҷлиси намояндагон Ҷобирзода Тоҳир Гулро бо унвони «Сипари боэътимоди хазинаи давлат» чоп кардааст. Муаллиф навиштааст: «Тавре Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид кардаанд: «Фаромӯш набояд кард, ки мубориза ба муқобили коррупсия фақат вазифаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ нест. Дар ин мубориза тамоми аҳли ҷомеа, ҳар як шаҳрванд ва ҷомеаи шаҳрвандӣ низ бояд бетараф набошад. Танҳо дар ҳамин сурат мо метавонем сатҳи коррупсияро дар мамлакат коҳиш диҳем». Ин суханон ба шарҳу эзоҳ ҳоҷат надоранд ва бояд сармашқи кору пайкори аҳли ҷомеа бошанд».

Нашрияи Вазорати маориф ва илм «Омӯзгор» (13.01.2017,№2) дар бораи озмун оид ба интихоби муаллифони китобҳои дарсӣ аз фанҳои бахшҳои гуманитарӣ, иқтисодию иҷтимоӣ ва табиатшиносию риёзӣ барои муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбии мамлакат хабари муфассал дар саҳифаи 1 чоп кардааст. Мақолаҳои «Ҷавонон ва илм дар меҳвари Паём», «Пирӯзии нур бар зулмот», «Омӯзиш танаффус надорад», «Усулҳои ҳалли масъалаҳои матнӣ», «Таълифе бо шикасти қолаб» ва мавод аз тарафи омӯзгорон ва кормандони соҳаи маориф навишта шуда, дар онҳо паҳлӯҳои гуногуни таълиму тарбия мавриди баррасӣ қарор дода шудаанд.

Ҳафтаномаи «Ҷавонони Тоҷикистон» дар шумораи навбатӣ оид ба сазовори Ҷоизаи Президент гардидани варзишгарон Дилшод Назаров, Фарҳод Неъматов, Моҳрӯ Ҳалимова, Комроншоҳи Устопириён, Хуршед Маҷидов, Абдулқосим Файзиев, Акмал Муродов ва боз 7 парчамбардори ватан хабари муфассал чоп кардааст. Ҳамчунин навиштаҳо бо сарлавҳаҳои «Зани тоҷик боиффат аст», «Суруди миллӣ моли миллат аст», «Ноогоҳӣ ҷавононро ба гумроҳӣ мебарад» дар ҳафтанома дарҷ гардидаанд, ки аз тарафи хонандагони нашрия хуш пазируфта хоҳанд шуд.

«Минбари халқ» — нашрияи марказии ҲХДТ аз ҷараёни маҷлиси Кумитаи иҷроияи марказии Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон, ки 5 январ таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардид, гузориши муфассал чоп карда, матни суханронии Раиси ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар маҷлиси КИМ пешниҳоди хонандагон кардааст.

Январь 12, 2017 17:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 27 декабр, ҷумъа, 362-юмин рӯзи соли 2024 аст
Дар минтақаи таълимию таҷрибавии «Хуррамзамин» боғи интенсивӣ бунёд мешавад
Аз ҷониби кормандони мақомоти гумрук дар Душанбе муомилоти ғайриқонунии маводи тарфгарӣ пешгирӣ карда шуд
Дар Тоҷикистон баландшавии ҳолати ифлосшавии ҳаво дар назар аст
Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон 14 намоиш гузаронида шуд
Ҳавопаймои «Azerbaijan Airlines» дар наздикии шаҳри Актауи Қазоқистон суқут кард
Дар Душанбе масъалаи ҳифзи ҳуқуқҳои шахсони маъюб баррасӣ шуд
«Рақам» барои Суғд. Чӣ тавр МегаФон Тоҷикистон интернети мобилиро дар минтақа рушд медиҳад?
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб бахшида ба 100-солагии мунаққиди тоҷик Соҳиб Табаров ҳамоиш баргузор шуд
Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании Тоҷикистон соҳиби 15 техникаи вазнин барои корҳои наҷот гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад