Дар Донишкадаи идоракунии давлатӣ аз соли таҳсили 2017-2018 таҳсили дуҷониба ба роҳ монда мешавад
ДУШАНБЕ, 26.01.2017 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 26 январ дар Маркази матбуоти ҷумҳуриявии АМИТ «Ховар» нишасти матбуотии Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар ин бора хабарнигори АМИТ «Ховар» хабар медиҳад.
Лутфия Абдулхолиқзода, ректори донишкадаи мазкур иброз дошт, ки соли 2016 бори аввал конференсияи илмию амалии байналмилалии муштараки Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Академияи идоракунии назди Президенти Ҷумҳурии Беларус дар реҷаи on Line гузаронида шуд. Ин имкон медиҳад, ки ҳамкории донишкада бо муассисаҳои ҳамсони кишварҳои дигар боз ҳам вусъат ёфта, аз таҷрибаи ҳамдигар барои пешравиҳо истифода намоем.
«Дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия аввалин ҳамоиши байналмилалии шӯрои ҳамоҳангсозии ҷамъиятии Иттиҳоди давлатҳои Мустақил баргузор гардид, ки Лутфия Абдулхолиқзода узви ин Шўро интихоб гардидааст. Дар он намояндагон аз академияҳо ва институтҳои идоракунии давлатии кишварҳои дигари ИДМ ҳузур доштанд. Бисёр масъалаҳои мубрами рӯз барои пешбурди фаъолият дар самти тайёр намудани кадрҳои баландихтисоси соҳаи идоракунии давлатӣ ва хизмати давлатӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд»,- гуфт ректори донишкада.
Тавре Лутфия Абдулхолиқзода иброз намуд, ки дар ҷаласаи мазкур қарор қабул карда шуд, ки вобаста ба тайёр намудани кадрҳои баландихтисос дар якҷоягӣ бо ин давлатҳо корҳо шурӯъ мешгаванд.
«Дар ҷаласаи якуми Шўрои ҷамъиятӣ ман ҳамчун намояндаи Тоҷикистон иштирок намуда, масъалаҳои афзалиятнокро дар соҳаҳои барои иштирокчиён муҳим пешниҳод намудам, ки яке аз онҳо гирифтани дипломи дутарафа аст. Дар ин ҳол магистрантон қисми барномаи таълимиро дар кишвари худ ва қисми дигарашро дар кишвари дигар аз худ менамоянд. Ҳангоми ба охир расонидани магистратура ё зинаи бакалавриат ба онҳо дипломи дутарафа дода мешавад. Тамоми пешниҳодҳо дар қарори протоколи ҷаласаи аввалини Шўро инъикос ёфта, он аз соли таҳсили 2017-2018 дар доираи ҳамкорӣ ба роҳ монда мешаванд»,-гуфт ректори донишкада.








Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад






