Дар Душанбе барномаи консертии Оркестри миллии созҳои халқии Гуандуни Ҷумҳурии Мардумии Чин баргузор мегардад
ДУШАНБЕ, 11.01.2017. /АМИТ «Ховар»/. 14 январи соли равон дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ барномаи консертии Оркестри миллии созҳои халқии Гуандуни Ҷумҳурии Мардумии Чин таҳти унвони «Иди баҳор» баргузор мегардад.
Тавре аз Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, ҳунарпешагони Оркестри миллии созҳои халқии Гуандуни Чин чунин барномаи консертиро 16 январ дар Қасри фарҳанги шаҳри Ҳисор низ доир мекунанд.
Барномаҳои мазкур аз ҷониби Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Мардумии Чин, Сафорати Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Департаменти фарҳанги музофоти Гуандун баргузор мегарданд.








Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад






