Дар Душанбе калонтарин сардхона барои нигоҳдории маҳсулот ба фаъолият шурӯъ мекунад

Январь 19, 2017 17:58

ДУШАНБЕ, 19.01.17. /АМИТ «Ховар»/. Рӯзҳои наздик дар Душанбе калонтарин сардхона ба фаъолият шурӯъ менамояд. Дар ин бора зимни нишасти хабарӣ имрӯз, 19 январ раиси Иттифоқи «Тоҷикматлубот» Ҳусайн Идиев иттилоъ дод.
Ӯ афзуд, ки ин иқдом мутобиқи иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи «Барномаи ташкил ва барқарорсозии яхдону сардхонаҳо барои нигоҳдории маҳсулоти кишоварзӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2019» буда, айни ҳол сохтмони сардхона пурра ба итмом расидааст. Он моҳи феврал ба истифода дода хоҳад шуд.
Сардхонаи мазкур дар Тоҷикистон калонтарин ба ҳисоб рафта, барои нигоҳдории 1500 тонна маҳсулот пешбинӣ шудааст.
Имрӯз дар ҷумҳурӣ чунин сардхонаҳо дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва Исфара низ фаъолият менамоянд, ки дар онҳо ҳамасола сабзавоту мева ва маҳсулоти гӯштӣ нигоҳ дошта мешаванд.
Ба иттилои раиси Иттифоқи «Тоҷикматлубот», ҳамчунин барои таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти тоза ва пешгирӣ намудани болоравии нарх дар бозори истеъмолии шаҳри Душанбе 12 мошини боркаш ба маблағи беш аз 918 ҳазор сомонӣ харидорӣ карда шуда, имрўз дар минтақаҳои гуногуни шаҳри Душанбе фурўши маҳсулоти кишоварзӣ ба воситаи мошинҳои мазкур ба роҳ монда шудааст.
Ин бисёр иқдоми худ буда, аз тарафи истеъмолкунандагон хуш пазируфта шуд, зеро барои сокинони шаҳр имконият пайдо гардид, ки бо нархи дастрас ва аз макони истиқоматашон меваю сабзавот харидорӣ намоянд.

Январь 19, 2017 17:58

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар шаҳри Душанбе ҷашни Меҳргон таҷлил мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии меваи анор оғоз гардидааст
Дар Академияи идоракунии давлатӣ даври шаҳрии озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш дар назар аст
Тоҷикистон ва Кувайт ҳамкориро дар арсаҳои фанновариҳои иттилоотӣ ва фарҳанг баррасӣ намуданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Маҷлиси намояндагон ду созишномаи ҳамкории Тоҷикистонро бо Фонди авруосиёии субот ва рушд тасдиқ намуд