Дар Хатлон ҷаласаи Комиссияи вилоятии байниидоравӣ оид ба тарбия ва маърифати экологӣ доир шуд
ДУШАНБЕ, 19.01.2017. /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз ҷаласаи Комиссияи вилоятии байниидоравӣ оид ба тарбия ва маърифати экологӣ таҳти роҳбарии раиси Комиссия, муовини якуми раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода доир гардид. Тавре аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон хабар доданд, дар ҷаласа муҳокимаи масъала оид ба иҷрои «Барномаи давлатии комплексии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2020» ва тасдиқи нақшаи кории «Комиссияи вилоятии байниидоравии давлатӣ оид ба тарбия ва маърифати экологӣ дар вилояти Хатлон барои соли 2017» баррасӣ гардид.
Дар ҷаласа сардори Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят доир ба татбиқи «Барномаи давлатии комплексии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2020» сухан гуфт.
Раиси комиссия Қурбон Ҳакимзода татбиқи Барномаи давлатиро таҳлил намуда, гуфт, ки дар самти рушди ҳифзи муҳити зист ва пешбурди сиёсати давлатии экологӣ санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва барномаҳои давлатӣ амалӣ мегарданд.








Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Душанбе ҷашни Меҳргон таҷлил мегардад
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии меваи анор оғоз гардидааст
Дар Академияи идоракунии давлатӣ даври шаҳрии озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир шуд
Тоҷикистон ва Кувайт ҳамкориро дар арсаҳои фанновариҳои иттилоотӣ ва фарҳанг баррасӣ намуданд
Маҷлиси намояндагон ду созишномаи ҳамкории Тоҷикистонро бо Фонди авруосиёии субот ва рушд тасдиқ намуд






