Дар Хуҷанд Маркази миллии Оши палав бунёд мегардад
ХУҶАНД, 14.01.2017. /АМИТ Ховар/. Соли равон дар маркази вилояти Суғд- шаҳри Хуҷанд дар назар аст, ки Маркази миллии оши палав бунёд шавад. Тавре ба хабарнигори АМИТ «Ховар» масъулин аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят иттилоъ доданд, ин тасмим аз ҷониби як гурӯҳ соҳибкорони шаҳр рӯи кор омада, тибқи нақша он дар мавзеи хиёбони Истиқлол бунёд мешавад.
Ҳадаф аз бунёди Маркази миллии оши палав, пеш аз ҳама, эҳё ва рушду нигаҳдории фарҳанги миллии ошхонадории тоҷикон мебошад. Марказ аз бинои дуошёна иборат буда, ороиши он пурра бо усули меъмории анъанавӣ ба роҳ монда мешавад. Дар ин ҷо беш аз 10 намуди оши палав ва навъҳои гуногуни таомҳои дигар омода ва ба мизоҷон пешниҳод гардонида мешаванд.
Бояд гуфт, ки таъсиси марказ дар арафаи ба феҳристи фарҳанги умумибашарии ғайримоддӣ дохил шудани оши палави тоҷикон аз ҷониби идораи илму фарҳанги Созмони Милали Муттаҳид — ЮНЕСКО басо рамзист.








Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Душанбе ҷашни Меҳргон таҷлил мегардад
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии меваи анор оғоз гардидааст
Дар Академияи идоракунии давлатӣ даври шаҳрии озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир шуд
Тоҷикистон ва Кувайт ҳамкориро дар арсаҳои фанновариҳои иттилоотӣ ва фарҳанг баррасӣ намуданд
Маҷлиси намояндагон ду созишномаи ҳамкории Тоҷикистонро бо Фонди авруосиёии субот ва рушд тасдиқ намуд






