Дар Москва “Васияти гумшуда”-и Паёмбари ислом намоиш дода мешавад
ДУШАНБЕ, 20.01.2017./АМИТ “Ховар”/. 29 январ дар шаҳри Москва, пойтахти Россия нахустнамоиши «Васияти гумшуда” дар бораи роҳи зиндагӣ ва таълимоти Паёмбари Ислом Муҳаммад(с) доир мешавад. Нақши асосиро дар ин намоишнома ҳунарманди маъруфи театр ва синамои Россия Марат Башаров бозӣ кардааст. Дар ин бора агентии “Спутник” бо истинод ба масъулони Муфтиёти мусалмонони Россия иттилоъ додааст.
Бино ба хабари Муфтиёти мусалмонони Россия 29 январ дар толори «Крокус Сити Ҳолл”-и шаҳри Москва нахустнамоиши спетакли «Васияти гумшуда” бо ширкати ҳунармандони маъруфи Русия Марат Башаров ва Шамил Хаматов ва ҳунарпешаи қазоқ Бибигул Актан Суяншалина доир мешавад.
Ин намоишнома бо пуштибонии Муфтиёти мусалмонони Россия ва Шӯрои муфтиёни ин кишвар аз сӯи коргардон Илдар Карим таҳия шуда, дар бораи зиндагии мусалмонон дар Россияи имрӯза қисса мекунад. Вале як рукни аслии сюжети ин намоишнома роҳи зиндагии Паёмбари Ислом Муҳаммад(с) мебошад.
Бино ба гузориши АИ “Спутник”, қиссаи «Васияти гумшуда” роҷеъ ба он аст, ки як зан (дар иҷрои Бибигул Суяншалина) мехоҳад худкушӣ кунад. Вале иттифоқан дар роҳ бо як раҳгузар (дар иҷрои Марат Башаров) вомехӯрад. Ин раҳгузар бо овардани қиссаҳои ибратомӯз аз таърихи Ислом ва Паёмбар ба ин зан тавсия медиҳад, ки дар лаҳзаи сахти зиндагиаш ба васияти Паёмбар рӯ биорад.
Таҳиягарони «Васияти гумшуда” мегӯянд, пеши худ се вазифаи асосӣ гузоштаанд: аввалан, ба тамошобинон расонидани роҳи зиндагӣ, таълимот ва рисолати Паёмбари Ислом, сониян, нишон додани таърихи Ислом дар Россия ва дигар кишварҳои мусалмоннишини ҳамсоя ва, солисан, таъкид ба аҳамияти арзишҳои неки Ислом, заруряти инсондӯстӣ, ватанпарварӣ, одобу ахлоқи хамида, эҳтироми волидайн, омӯхтани илму донишҳои муосир ва ғайра дар замони ҳозира.
Мавриди зикр аст, ки Муфтиёти Россия ду сол боз дар мавзӯи Ислом ва арзишҳои он намоишномаҳои вижаи театрӣ таҳия мекунад. Бино ба маълумоти оморӣ, мусалмонон ҳудуди 20 миллион нафар аз 140 миллион аҳолии Россияро ташкил медиҳанд ва раванди муҳоҷират саҳми мусалмонҳо дар таркиби аҳолии ин кишварро сол то сол афзоиш медиҳад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






