Дар ноҳияи Б. Ғафуров 17 маркази таълимӣ-истеҳсолӣ фаъолият доранд

Январь 19, 2017 18:12

Б.ҒАФУРОВ, 19.01.2017. /АМИТ «Ховар»/. Дар яке аз калонтарин ноҳияҳои вилояти Суғд-ноҳияи Бобоҷон Ғафуров баҳри соҳибкасб намудани занону духтарони хонашин ва ба шуғли доимӣ фаро гирифтани онҳо корҳои назаррас анҷом дода шудаанд.
Дар айни замон дар ҷамоати шаҳраку деҳоти ноҳия 17 маркази дӯзандагӣ фаъолият доранд, ки дар онҳо зиёда аз 160 адад мошинаҳои дарздӯзӣ насб гардида, 200 нафар занон ба кори доимӣ ҷалб карда шудаанд.
Дар ин бора имрӯз, 19 январ зимни нишасти матбуотӣ Раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Зариф Назирӣ иттилоъ дод.
Ҳамчунин то имрӯз дар ҳудуди ноҳия 17 маркази таълимӣ-истеҳсолии атласу адрасбофӣ таъсис дода шудаанд, ки дар онҳо 128 адад дастгоҳҳо насб гардидаанд.
Дар ин марказҳо 185 нафар занону духтарон ба шуғли доимӣ фаро гирифта шуда, то кунун аз ҷониби онҳо 5212 метр матоъ истеҳсол шудааст.

Январь 19, 2017 18:12

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар шаҳри Душанбе ҷашни Меҳргон таҷлил мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии меваи анор оғоз гардидааст
Дар Академияи идоракунии давлатӣ даври шаҳрии озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш дар назар аст
Тоҷикистон ва Кувайт ҳамкориро дар арсаҳои фанновариҳои иттилоотӣ ва фарҳанг баррасӣ намуданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Маҷлиси намояндагон ду созишномаи ҳамкории Тоҷикистонро бо Фонди авруосиёии субот ва рушд тасдиқ намуд