Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соли гузашта 10 корхонаи саноатӣ ба истифода дода шуд

Январь 19, 2017 14:34

ДУШАНБЕ, 19.01.2017. /АМИТ «Ховар»/. Соли сипаришуда дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров 10 адад корхонаи нави саноатӣ ба истифода дода шуд, ки дар натиҷа 495 нафар сокинон бо ҷои корӣ таъмин шуданд.
Дар ин бора раиси ноҳия Зариф Назирӣ зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод. Зариф Назирӣ ифтитоҳи корхонаи бузурги саноатии «Хуаксин Ғаюр-Суғдсемент»-ро падидаи нек дар ноҳия арзёбӣ намуда, илова намуд, ки нишонаҳои аввалини ба ноҳияи саноатию аграрӣ табдил ёфтани ноҳия пайдо гардидаанд.
Ҳамчунин зикр шуд, ки ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар давраи ҳисоботӣ 612 миллион сомониро ташкил намудааст, ки нисбат ба соли 2015-ум 276 миллион сомонӣ зиёд мебошад.

Январь 19, 2017 14:34

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар шаҳри Душанбе ҷашни Меҳргон таҷлил мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии меваи анор оғоз гардидааст
Дар Академияи идоракунии давлатӣ даври шаҳрии озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш дар назар аст
Тоҷикистон ва Кувайт ҳамкориро дар арсаҳои фанновариҳои иттилоотӣ ва фарҳанг баррасӣ намуданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Маҷлиси намояндагон ду созишномаи ҳамкории Тоҷикистонро бо Фонди авруосиёии субот ва рушд тасдиқ намуд