Дар ноҳияи Мастчоҳ масоили вобаста ба захираҳои оби тозаро баррасӣ карданд
ХУҶАНД, 05.01.2017. /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз дар ноҳияи Мастчоҳ бо пуштибонӣ аз иқдоми нави созандаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба эълон шудани Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», барои солҳои 2018-2028 ва дар ин замина аз тарафи раиси вилояти Суғд дар вилоят эълон гардидани Соли 2017- соли дастрасии аҳолӣ ба оби тозаи нӯшокӣ таҳти унвони «Об- манбаи ҳаёт» ҷамъомад доир гардид.
Тавре аз шуъбаи ташкилии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ба хабарнигори АМИТ Ховар иттилоъ доданд, ҷамъомад бо иштироки намояндагони мақомоти маҳалии ноҳия, кумитаи иҷроия ва ҷавонони фаъол доир гардида, ҳадафи он татбиқи дастуру супоришҳои Сарвари давлат, истифодаи дурусту самараноки оби нӯшокӣ, огаҳӣ ёфтан аз масоили ҷаҳонии захираҳои оби тоза, расидан ба қадри ин манбаи ҳаёт, инчунин таҳкими дӯстиву рафоқат ва сулҳу ваҳдати миллӣ буд.








Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад






