Дар ноҳияи Рӯдакӣ тарзи ному насабгузорӣ тибқи анъанаҳои миллӣ ба аҳолӣ фаҳмонида шуд

Январь 19, 2017 12:03

ДУШАНБЕ, 19.01.2017. /АМИТ «Ховар»/. Дар ҷамоатҳои деҳоти Лоҳур ва ҷамоати шаҳраки М.Турсунзодаи ноҳияи Рӯдакӣ кормандони бахши сабти асноди ҳолати шаҳрвандии ноҳия дар якҷоягӣ бо кормандони Донишкадаи такмили ихтисоси мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати шарҳу тафсири Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва иҷрои «Барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2009-2019» бо аҳолии ин минтақа вохӯрӣ доир гардид. Зимни мулоқотҳо оқибатҳои манфии никоҳи хешу таборӣ ва ҳатмӣ будани муоинаи тиббии никоҳшавандагон, инчунин иҷрои ҳатмии талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ» ба сокинон фаҳмонида шуданд. Дар ин бора мудири бахши САҲШ-и ноҳияи Рўдакӣ Санавбар Ашурова ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ дод.
«Масъулин зимни вохӯрӣ бо сокинон нуктаҳои асосии Паёми навбатиро шарҳ дода, ба шаҳрвандон моҳияти тибқи анъанаҳои миллӣ гузоштани насаб, механизми иҷрои ивази насаб, ном ва номи падар, оқибатҳои манфии никоҳи хешутаборӣ ва аз муоинаи тиббӣ гузаштани никоҳшавандагонро фаҳмониданд»,-иттилоъ дод Санавбар Ашурова.

Январь 19, 2017 12:03

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар шаҳри Душанбе ҷашни Меҳргон таҷлил мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии меваи анор оғоз гардидааст
Дар Академияи идоракунии давлатӣ даври шаҳрии озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш дар назар аст
Тоҷикистон ва Кувайт ҳамкориро дар арсаҳои фанновариҳои иттилоотӣ ва фарҳанг баррасӣ намуданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Маҷлиси намояндагон ду созишномаи ҳамкории Тоҷикистонро бо Фонди авруосиёии субот ва рушд тасдиқ намуд