Дар ноҳияи Рӯдакӣ яхбандии роҳ сабаби фавтидани ду нафар шуд
ДУШАНБЕ, 26.01.2017. /АМИТ «Ховар»/. Дар бархӯрди ду мошини сабукрав ду нафар мусофирон ҷони худро аз даст доданд ва ду тани дигар дар бемористон бистарӣ шуданд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, бар асари бориши барфи зиёд дар роҳҳо ронандагон наметавонанд мошинҳои худро дуруст идора кунанд ва ин боиси садамаҳои хатарзо дар роҳҳо мешавад, ки ҳатто таҳдид ба ҷони одамон дорад.
Субҳи бармаҳали 26 январи соли равон дар қаламрави деҳаи Чимтеппаи ноҳияи Рӯдакӣ мошини тамғаи «Mercedes-Benz» ба мошини «Opel Astra Caravan» бархӯрд.
Кормандони наҷоти фаврии кумитаи мазкур бо шунидани ин хабар ба ҷойи ҳодиса ҳозир шуданд ва вазъро аз наздик арзёбӣ карданд.
Ба ронандагон дастур доданд, ки аккумляторҳои мошинҳоро ба хотири пешгирӣ аз сӯхтор хомӯш кунанд. Мошинҳо хеле ҷиддӣ садама дида буданд. Чор нафар дар ду мошин (як нафар дар «Мерседес» ва се нафари дигар дар «Опел») ҷароҳат бардошта буданд.
Бо истифода аз дастгоҳи гидравликӣ кормандони наҷот одамони ҷабрдидаро аз асорати металлҳо озод карданд ва ҷабрдидагонро ба мошини «Ёрии таъҷилӣ», ки ба ҷойи ҳодиса ҳозир шуда буд, супурданд.
Ду нафар аз ҷабрдидагон дар роҳи интиқол ба бемористон ҷони худро аз даст доданд.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ронандагон хоҳиш менамояд, ки дар ин рӯзҳои сарду барфрез, ки роҳҳо ях бастаанд ва барф ҳаракати мошинҳоро ба мушкил рӯ ба рӯ кардааст, хеле эҳтиёткор бошанд ва кӯшанд суръати ҳаракати мошинҳоро боло набаранд. Дар ҳолати ба вуҷуд омадани ҳолати фавқулода ба хадамоти наҷот бо рақамҳои «111» занд зананд.








Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Ҳамёни рақамӣ дар «МегаФон Life» боз ҳам мувофиқтар шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар ноҳияи Роштқалъа корҳои биотехникӣ идома доранд
Дар Ҳисор муоинаи техникаҳои кишоварзӣ ва омодагии онҳо ба мавсими кишт гузаронида шуд






