Дар ҷои Вазорати кишоварзӣ бинои Парлумон сохта мешавад

Январь 18, 2017 15:17

ДУШАНБЕ, 18.01.2017 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Аҳмадзода зимни нишасти матбуотӣ иброз намуд, ки тибқи нақшаи генералии шаҳри Душанбе бинои Парлумон дар ҷои Вазорати кишоварзӣ дар масоҳати 8,1 га сохта шуда, дар назди он аз кӯчаи Рӯдакӣ то театри Лоҳутӣ ба масофаи 53 метр бунёди гулу гулзор ва фаввора дар назар дошта шудааст.
«Ҳоло лоиҳаи Парлумон аз тарафи мо омода шуда, рӯзҳои наздик онро ба Ҳукумат пешниҳод менамоем»,- гуфт Раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмон ва илова намуд, ки дар ҳолати тасдиқ шудани лоиҳа аз тарафи Ҳукумати кишвар корҳои сохтмонӣ оғоз мешаванд.

Январь 18, 2017 15:17

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад