Дар пойтахти мамлакат муҷассамаи «Модар» гузошта мешавад

Январь 31, 2017 10:40

ДУШАНБЕ, 31.01.2017 /АМИТ «Ховар»/. Шӯрои навбатии занони сулҳовари назди Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳадафи он таҳкими сулҳу субот, корҳои созандагию бунёдкорӣ, тарбияи насли ояндасоз дар рӯҳияи ватандӯстию ҳувияти миллӣ мебошад, дар Душанбе баргузор шуд.
Тавре аз Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, аъзои Шӯро нақшаи чорабиниҳо барои соли 2017-ро мавриди баррасӣ қарор дода, пешниҳод намуданд, ки чунин Шӯро дар назди мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо низ таъсис дода шавад.
Ба истиқболи Рӯзи Модар аз ҷониби Шӯро баргузор намудани озмунҳои «Келину хушдомани беҳтарин» ва маҳаллаи «Гулфишон» ба нақша гирифта шудаанд. Доир намудани чунин озмунҳо ба мустаҳкамии пояҳои оила ва муносибатҳои оилавӣ, ободу зебо гаштани маҳаллаҳо ва симои шаҳр мусоидат менамояд.
Инчунин доир намудани ҳамоиши модарон дар вилоят, шаҳру ноҳияҳо ба хотири бунёд намудани муҷассамаи «Модар» дар пойтахти мамлакат, баргузории Форуми занони Тоҷикистон, ташкили вохӯриҳои маърифатӣ ва маҳфилҳои фарҳангӣ номгӯи чорабиниҳои Шӯро мебошанд.
Нақшаи чорабиниҳои Шӯрои занони сулҳовар аз 38 банд иборат буда, он марҳила ба марҳила амалӣ карда мешавад.
Дар ҳайати Шӯрои занони сулҳовар собиқадорони меҳнати тамоми соҳаҳои хоҷагии халқи мамлакат мебошанд, ки дар рушду нумӯи кишвар саҳми босазо доранд.

Январь 31, 2017 10:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Ҳамёни рақамӣ дар «МегаФон Life» боз ҳам мувофиқтар шуд