Дар шаҳрҳои Душанбе ва Хуҷанд истеҳсол ва фурӯши машруботи ба саломатӣ хатарнок ошкор гардид

Январь 4, 2017 12:26

ДУШАНБЕ, 04.01.2017 /АМИТ «Ховар»/. Арақ ва конякҳои навъи «Лочин», «Лимон», «Лондон», «Московская», «Деревянская», «Народная марка», «Заначка», «Хӯшаи гандум», «Наполеон», «Аристократ» ба талаботи бозори истеъмолӣ ҷавобгӯй набуда, ба саломатии инсон хатарнок мебошанд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Маркази робитаҳои ҷамъиятии КДАМ ҶТ иттилоъ доданд.
Тавре ки манбаъ зикр кард, мутахассисони Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маркази «Тоҷикстандарт» якҷоя бо кормандони КДАМ ҶТ дар ҳудуди шаҳрҳои Душанбе ва Хуҷанд истеҳсол ва фурӯши маҳсулоти спиртии истеъмолашон хатарнокро ошкор ва пешгирӣ карданд.
Натиҷаи санҷиши махсус доир ба риояи бехатарии маҳсулот, ки бо иштироки мутахассисони Агентии стандартизатсия, сертификатсия, метрология ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шуд, нишон дод, ки дар анбор ва сехи истеҳсолии машруботи спиртии ҶДММ «Кишвар-2010», воқеъ дар шаҳри Душанбе, кӯчаи Раҳмон Набиев 8 тонна машруботи спиртии пастсифати ба саломатии инсон хатарнок ба маблағи умумии зиёда аз 800 ҳазор сомонӣ нигоҳ дошта мешаванд.
Машруботи навъи «Тоҷикистон-кишвари ман», «Ашки гандум», «Арақи бе тамға», «Гандумӣ», «Секрет фирми», «Столичний» ва боз 60 номгӯйи дигар маҳсулоти спиртии пастсифат буда, ба саломатии инсон хатар доранд.
Маълум карда шудааст, ки тарзи истеҳсол, нигаҳдорӣ ва шароити беҳдошти маҳсулоти мазкур ба талабот ҷавобгӯ нест. Аз ҷумла, конякҳои «Кишвар», «Белий аист», «Жемчуг», «Кремлин»-и сехи мазкур мувофиқи ташхиси Агентӣ аз рӯи таркиб, сифат ва қувватнокӣ ба талаботи истеъмолӣ ҷавобгӯй нестанд. Арақҳои «Гандумӣ», «Секрет фирми» ва ғайра аз рӯйи нишондодҳои ҳаҷми рехт, сифати истеҳсол, таркиби моеъ ба талаботи ҳуҷҷати меъёрии «Шартҳои умумии техникӣ»-и машруботи спиртӣ мухолифат мекунанд.
Дар ҷараёни санҷиши дигари муштараки кормандони КДАМ ҶТ якҷоя бо мутахассисони соҳавии Кумитаи андоз дар масири Душанбе-Хуҷанд миқдори зиёди машруботи спиртии шубҳанок мусодира гардид. Ташхис муайян кард, ки арақу конякҳои мусодирашудаи навъҳои «Лочин», «Лимон», «Лондон», «Московская», «Деревянская», «Народная марка», «Заначка», «Хӯшаи гандум», «Наполеон», «Аристократ», умуман зиёда аз 50 номгӯй, ки дар сехҳои истеҳсоли машруботи спиртии шаҳри Хуҷанд, ҶДММ-ҳои «Сахо», «Сайҳун» ва «Шоҳин» истеҳсол карда мешаванд, аз рӯйи нишондодҳои ҳаҷми рехт, сифати истеҳсол, қувватнокӣ ва таркиби моеъ ба талаботи бозори истеъмолӣ ҷавобгӯй нестанд ва ба саломатии инсон хатарнок мебошанд.
Дар ҳоле, ки ҳодисаи заҳролудшавӣ ва марги 76 нафар сокинони шаҳри Иркутски ФР аз истеъмоли машруботи спиртӣ ҷаҳониёнро ба ташвиш овардааст, баъзе аз тоҷирони бевиҷдони мо дидаву дониста ба фурӯши маҳсулоти барои саломатии одамон хатарнок даст мезананд. Айни замон новобаста аз санҷишу чорабиниҳои тарғиботию фаҳмондадиҳии мутахассисони Маркази «Тоҷикстандарт», дар марказҳои савдо, сехҳои истеҳсолӣ, нуқтаҳои фурӯш ва бозорҳо камбудию норасоиҳое вуҷуд доранд, ки ислоҳи онҳо, пеш аз ҳама, ба масъулияту инсондӯстӣ, ҳалолкории соҳибкорону фурӯшандагон ва истеҳсолкунандагону масъулони бозорҳо вобастагии калон дорад.

Январь 4, 2017 12:26

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда шуда, сар задани селҳои пиряхӣ аз эҳтимол дур нест
БА ТАВАҶҶУҲИ МОЛРАСОНОНУ ПУДРАТЧИЁН!!!
Беш аз 50 хонаводаи маҳаллаи Деҳқонободи ноҳияи Мастчоҳ бо оби нӯшокӣ таъмин мегарданд
Лоиҳаи Харитаи роҳ доир ба татбиқи ташаббусҳо дар самти «Ояндабинии Осиёи Марказӣ– 2050» муаррифӣ шуд
Дар ноҳияи Ашт соҳилҳои рӯди маҳаллӣ мустаҳкам карда мешаванд
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Дар Суғд ҷаласаи сайёри Кумитаи иҷроияи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон доир гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон сар задани селҳои пиряхӣ дар назар аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 12 август, сешанбе, 224-умин рӯзи соли 2025 аст
Барои хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ омӯзиши забони олмонӣ оғоз меёбад
Дурнамо ва густариши ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Покистон баррасӣ гардид
Далер Наимов: «Дастаи мо аз шахсони зираку кордон иборат аст»