Дар шаҳри Кӯлоб ҷаласаи Шӯрои занон баргузор гардид

Январь 24, 2017 14:51

ДУШАНБЕ, 24.01.2017. /АМИТ «Ховар»/. Дар ҷаласаи Шӯрои занони назди шуъбаи кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб фаъолияти шуъба дар соли 2016 ва нақшаи корӣ барои соли нав баррасӣ гардид.
Тавре аз Кумитаи кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб хабар доданд, дар ҷаласа аъзои Шӯро тарғибу ташвиқи мазмуну муҳтавои Паёми Сарвари давлат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Соли ҷавонон эълон гардидани соли 2017-ро мавриди назар қарор доданд.
Ҳамзамон баланд бардоштани мақому манзалати зан дар ҷомеа, ба шуғл пайвастани бонувон, баланд бардоштани маърифати ҷавондухтарон ва омода намудани онҳо ба ҳаёти мустақилона таъкид гардида, пошхӯрии оилаҳо, зӯроварӣ ва табъиз дар оила, пешгирии ҷалби ҷавонон ба равияҳои тундгаро, ҷинояткории занон, тақлид ба либосҳои бегона ва бегонапарастӣ мавриди муҳокимаи иштирокчиён қарор гирифт.

Январь 24, 2017 14:51

Хабарҳои дигари ин бахш

Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Ҳамёни рақамӣ дар «МегаФон Life» боз ҳам мувофиқтар шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар ноҳияи Роштқалъа корҳои биотехникӣ идома доранд
Дар Ҳисор муоинаи техникаҳои кишоварзӣ ва омодагии онҳо ба мавсими кишт гузаронида шуд