Дар шаҳри Кӯлоб ҷиҳати дастгирии Соли ҷавонон роҳпаймоӣ доир гардид
КӮЛОБ, 6.01.2017. /АМИТ Ховар/. Имрӯз дар шаҳри Кӯлоб бо иштироки ҷавонону донишҷӯёни Донишгоҳи шаҳри Кӯлоб, Коллеҷи тиббӣ ва Коллеҷи омӯзгории шаҳр ба муносибати Соли ҷавонон роҳпаймоӣ доир гардид. Дар ҳамоиш ҷавонон аз назди Муҷтамаи 2700- солагӣ то Майдони парчам роҳпаймоӣ карданд.
Муовини раиси шаҳр Кенҷамоҳ Маҷидова изҳор дошт, ки ҷавонони шаҳри Кӯлоб бо пуштибонӣ аз сиёсати Пешвои миллат дар баргузории барномаҳои сиёсиву фарҳангӣ иштироки фаъолона намуда, дар рушду нумӯи ҷомеа саҳми босазо мегузоранд.
Аз ҷумла, соли 2016 ҷавонони Кӯлоб дар мусобиқаҳои варзишии сатҳи вилоят, ҷумҳурӣ ва байналмилалӣ ширкат варзида, ба дастовардҳои зиёд ноил гардиданд. Дар ин давра варзишгарон соҳиби 231 медал, аз ҷумла 83 медали тилло гардида, нуфузи варзишии шаҳри Кӯлобро баланд бардоштанд.
Кенҷамоҳ Маҷидова илова намуд, ки имрӯз шумораи майдонча ва толорҳои варзишӣ дар шаҳр хеле зиёд гардида, ба 220 адад расидааст.








Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад






