Дар соли 2016 варзишгарони шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб соҳиби 860 медал гардиданд
КӮЛОБ, 14.01.2017 /АМИТ «Ховар»/. Соли 2016 варзишгарони шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб дар 19 мусобиқаи байналмилалӣ, 66 мусобиқаи ҷумҳуриявӣ ва зиёда аз 200 мусобиқаи вилоятию минтақавӣ иштирок намуда, соҳиби зиёда аз 860 медал гардиданд. Дар ин бора аз бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии минтақаи Кӯлоб хабар доданд.
Ба иттилои манбаъ, натиҷаи дастовардҳои варзишгарони шаҳри Кӯлоб нисбат ба солҳои гузашта зиёд буда, бо фароҳам омадани шароити тамрин шумораи варзишгарон низ дар мактабҳои варзишӣ зиёд гардида истодааст.
Дар соли 2016 зимни сафари кории Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб корҳои бунёду навсозии толору майдонҳои варзишӣ ба роҳ монда шуда, баъзе аз онҳо мавриди истифода қарор гирифтанд. Имрӯзҳо тамоми варзишгарони шаҳри Кӯлоб ба тамрин рӯ оварда, зери роҳбарии мураббиёни соҳибтаҷриба ба мусобиқаҳои навбатӣ омодагӣ мегиранд.








ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд






