Дар соли 2017 дар ноҳияи Спитамен ба соҳаи маориф беш аз 30 млн сомонӣ равона карда мешавад
СПИТАМЕН, 05.01.2017. /АМИТ Ховар/. Соли равон дар ноҳияи Спитамен аз ҳисоби буҷаи маҳалии ноҳиявӣ барои рушди соҳаи маориф 30 млн 910 ҳазор сомонӣ равона карда мешавад.
Тавре аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, дар иҷлосияи ҳаштуми маҷлиси вакилони халқии ноҳия барои соли 2017 лоиҳаи буҷети маҳаллии ноҳия бо назардошти хароҷот дар ҳаҷми 46 миллиону 970 ҳазор сомонӣ қабул гардид, ки он нисбат ба соли 2016 6,1 фоиз афзудааст.
Ҳамчунин дар самти маблағгузорӣ ба соҳаи маориф 30 миллиону 910 ҳазор сомонӣ, ба соҳаи тандурустӣ 10 миллиону 892 ҳазор сомонӣ, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ 229 ҳазор, хоҷагии манзилию коммуналӣ 818 ҳазор сомонӣ, муассисаҳои соҳаи кишоварзӣ 258 ҳазору 270 сомонӣ пешбинӣ гардидааст.








Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад






