Дар Суғд ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 6,9 млрд сомонӣ расонида шуд
ХУҶАНД, 11.01.2017. /АМИТ «Ховар»/. Давоми соли 2016 бо истифода аз имкониятҳои мавҷуда аз ҷониби коргоҳҳои истеҳсолии вилояти Суғд ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатии вилоят ба 6,9 млрд сомонӣ расонида шуд. Ин нишондод нисбат ба ҳамин давраи соли 2015 2,3 млрд. сомонӣ зиёд буда, суръати рушд бо нархҳои амалкунанда ба 148,8 фоиз ва бо назардошти индекси нархҳо ба 139,5 фоиз баробар гаштааст. Ба иттилои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, таҳлилҳо нишон доданд, ки ҳаҷми маҳсулоти саноатии вилоят аз ҳаҷми маҳсулоти кишоварзӣ 671,5 млн сомонӣ зиёд гардидааст. Таносуби мазкур соли 2015 ба 1,2 млн сомонӣ баробар ва ба фоидаи соҳаи кишоварзӣ буд.
Дар конҳои ангишти вилоят афзоиш ба назар расида, дар давраи ҳисоботӣ 1,2 млн тонна ангишт истихроҷ гардид, ки нисбат ба соли 2015 365,6 ҳазор тонна ё 1,5 маротиба зиёд мебошад.
Ҳамчунин соли сипаригашта суръати афзоиши истеҳсоли маснуоти кабелӣ 11,5 маротиба, бензин 8,7 маротиба, семент 7,4 маротиба, зарфҳои шишагӣ 3,2 маротиба, ранги сохтмонӣ 3,1 маротиба, маснуот аз пластикаи филизӣ 2,6 маротиба, консентрати сурма 2,1 маротиба, либоси мактабӣ 2 маротиба, халтаи полипропиленӣ 1,6 маротиба, орд 1,6 маротиба, калобаи пахтагин 1,6 маротиба, мебел 1,6 маротиба, консентрати рӯҳ 1,5 маротиба, панир 1,5 маротиба, консентрати сурб 1,4 маротиба ва маҳсулоти дӯзандагӣ 1,4 маротиба таъмин карда шуд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад






