Дар Суғд ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 6,9 млрд сомонӣ расонида шуд

Январь 11, 2017 16:14

ХУҶАНД, 11.01.2017. /АМИТ «Ховар»/. Давоми соли 2016 бо истифода аз имкониятҳои мавҷуда аз ҷониби коргоҳҳои истеҳсолии вилояти Суғд ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатии вилоят ба 6,9 млрд сомонӣ расонида шуд. Ин нишондод нисбат ба ҳамин давраи соли 2015  2,3 млрд. сомонӣ зиёд буда, суръати рушд бо нархҳои амалкунанда ба 148,8 фоиз ва бо назардошти индекси нархҳо ба 139,5 фоиз баробар гаштааст. Ба иттилои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, таҳлилҳо нишон доданд, ки ҳаҷми маҳсулоти саноатии вилоят аз ҳаҷми маҳсулоти кишоварзӣ 671,5 млн сомонӣ зиёд гардидааст. Таносуби мазкур соли 2015 ба 1,2 млн сомонӣ баробар ва ба фоидаи соҳаи кишоварзӣ буд.
Дар конҳои ангишти вилоят афзоиш ба назар расида, дар давраи ҳисоботӣ 1,2 млн тонна ангишт истихроҷ гардид, ки нисбат ба соли 2015 365,6 ҳазор тонна ё 1,5 маротиба зиёд мебошад.
Ҳамчунин соли сипаригашта суръати афзоиши истеҳсоли маснуоти кабелӣ 11,5 маротиба, бензин 8,7 маротиба, семент 7,4 маротиба, зарфҳои шишагӣ 3,2 маротиба, ранги сохтмонӣ 3,1 маротиба, маснуот аз пластикаи филизӣ 2,6 маротиба, консентрати сурма 2,1 маротиба, либоси мактабӣ 2 маротиба, халтаи полипропиленӣ 1,6 маротиба, орд 1,6 маротиба, калобаи пахтагин 1,6 маротиба, мебел 1,6 маротиба, консентрати рӯҳ 1,5 маротиба, панир 1,5 маротиба, консентрати сурб 1,4 маротиба ва маҳсулоти дӯзандагӣ 1,4 маротиба таъмин карда шуд.

Январь 11, 2017 16:14

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Тоҷикистон ва Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон Созишномаи грантӣ ба имзо расид
Бастаҳои «MIX»: интернети бисёр барои паёмрасонҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ ва платформаҳои видеоӣ
БОТУЛИЗМ. Риоя нагардидани қоидаҳои санитарию гигиенӣ боиси пайдошавии ин беморӣ мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад