Дар Тоҷикистон Бюрои миллии хизматрасонӣ барои содиркунандагон фаъолият дорад
ДУШАНБЕ, 11.01.2017. /АМИТ «Ховар»/. Дар шароити узвияти Созмони Умумиҷаҳонии Савдо, Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ширкаткунандагони муносиботи иқтисодии хориҷӣ дар гузаронидани ташхиси мустақил, баҳо додани сифати маҳсулот, ба даст овардани иттилои муфид, машварати ҳуқуқӣ, пайдо намудани шарикони ҳамкор ва сармоягузорон, барқарор намудани робитаҳои тиҷоратӣ, сохтани корхонаҳои муштарак, гузаронидани муаррифиҳо, суҳбатҳо, тренингҳо ва семинарҳо мусоидат менамояд. Дар ин бора 11 январ зимни нишасти матбуотӣ Раиси Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон Шариф Саид изҳори ақида намуд.
Мавсуф иброз дошт, ки бо мақсади амалисозии уҳдадориҳои қабулнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар чорчӯбаи Созишнома оид ба равандҳои содагардонии тиҷорат ва иҷрои барномаи рушди иқтидори содиротии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шудааст, дар назди ПСС Ҷумҳурии Тоҷикистон Бюрои миллии хизматрасонӣ барои содиркунандагони Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин марказҳо оид ба пешбурди тиҷорат дар Душанбе, вилояти Хатлон ва вилояти Суғд фаъолият менамоянд.








Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад






